Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
нигоҳ дошт. Мудир аҳли синфи онҳоро пеши ӯ таъриф мекард. — Дар ин синф духтарҳо зиёданд, — ба Нозимӣ мудир гӯё ҳисобот медод. Ҳамаашон фаъол, пешқадам... Аъзои маҳфили ҳаваскорон ҳам аз ҳамин синф зиёд. Овозхонҳо, раққосон, доирадасту мусиқачиён ҳамаашон аз ҳамин синф.
Нигоҳи мудир аз афташ, аз миёни духтарон онҳоеро меҷуст, ки ба вай лозим буданд. Мушаррафро хезонд, ду дугонаи дигарашро ҳам. — Ҳаминҳоанд ҳамон духтарҳо.
Маънии «ҳаминҳоанд» гуфтани мудир ба Мушаррафино маълум... Онҳо аъзоёни фаъоли маҳфили ҳаваскорони мактабанд. Аз ҳама хуб мерақсанд, суруд мехонанд, овозашон ба ҳама ҷо расидааст, аз телевизион омада онҳоро бурда буданд. Чанд рӯз пеш бошад, дар мусобиқаи байни ҳаваскорони мактабҳои ноҳия ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Нозимӣ дар бораи онҳо мақола навиштани будааст.
— Бо инҳо сӯҳбат мекунед? — Мушаррафу дугонаҳояшро ба Нозимӣ нишон дод мудир.
— Албатта...
«Ӯ бо Нозимӣ ҳамсӯҳбат, ҳамгап мешавад? Нағз... бисёр нағз...» Мушарраф шод гашта буд, аз ҳаяҷон дилаш сахттар метапид, ранги рӯяш арғувонӣ шуд.
Аз дарс онҳоро ҷавоб доданд... Ҳамроҳи мудир рафтанд. Баъд ӯ «узр муаллим, ман як кор дорам» гуфт ба Нозимӣ. Нозимӣ аввал ному насаби дугонаҳои Мушаррафро ба дафтарчааш навишт, бо онҳо сӯҳбат кард, ҷавобашон дод. Дар утоқи мудир Мушарраф монду Нозимӣ. Кори нохуб, аввал номи вайро менавишт, ё дугонаҳояшро ҷавоб намедод... Ҳаросид ӯ. Ҳамсинфонаш чӣ мегӯянд? Аз мудир дарак набуд. Нозимӣ аз Мушарраф ҳам аввал ному насабашро пурсид.
— Номатон нағз, шоирона, — вай такрор намуд: — Мушарраф, Мушарраф... Ташаккур ба падару модаратон, ки ин номро ба шумо доданд. Соли таваллудатон?
— 1952
— Кадом моҳ?
— Моҳи апрел.
— Ҷовид бодо он рӯзе, ки шумо ба дунё омадед... Он рӯз рӯзи нек будааст... — Гапро Нозимӣ ба ким-куҷоҳо мебурд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё