Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Ана, ба бахташ худи Мавлонзода намоён гашт. Чомадончае дар дасташ. Мавлонзода ӯро шинохт.
— Пагоҳӣ қатӣ ин ҷо чӣ мекунед, келин? — бо ӯ саломуалек кард.
— Ба шумо кор дорам, муаллим, — ба пешвози Мавлонзода қадам монд.
— Марҳамат, — ӯро ба идорааш хонд муҳаррир. Мушарраф аз паи ӯ рафт. Дар қабулгоҳ ҳам ҳанӯз касе набуд, дари утоқашро кушод.
Баъд ба паси мизаш гузашта ҳам шуда китобҳои зиёдеро тагурӯ кард. Даста-даста газетаҳо пешаш титу парешон шуданд, коғазеро меҷустааст, онро ёфта худро осуда ҳис кард, «хайрият» гуфт.
— Эҳ келин, — гӯё Мушарраф аз хаёлаш рафта буд, ки ба ӯ рӯй овард, — ҳоло ҳам дар таги дар истодаед? Пештар биёед, гузаред, шинед, — курсиро аз наз­даш пеш кашид. — Келин, корҳои мо ҳамин хел, баъ­зан даруни коғазҳои бисёр худамон гум мешавем, ҳа­ма чӣ аз хотирабон меравад, мебахшед, — гуфта Мавлонзода ба пурсупоси ӯ сар кард: — фарзандҳо сиҳат саломатанд? Худатон чӣ ҳол доред?
— Ташаккур, муаллим, аҳволи мо ба худатон маъ­лум... Шогирдатон кӯдакҳоро партофт, ошиқи шайдои вай...
— Шунидам, ҳамаашро гуфтанд, хуб накардааст, бачагӣ кардааст, мо ҳам вайро ҷанг кардем, лекин, лекин ба гапамон гӯш накард, зиндагӣ кардан намехо­ҳам, мегӯяд... Мегӯяд, ки дилаш мондааст, шумо тез, бадҷаҳл будаед.
— Тоқат карда натавонистам, муаллим, аз ҳад гузаронд.
— Баъзан барои тинҷии зиндагӣ, ба хотири фарзандон зану шавҳарҳои боандеша аз гуноҳи якдигар мегузаранд, яке сабукӣ кунад, дигаре вазнин мешавад. Ҳамин хел будан лозим, келин...
— Ман ҳам фақат аз гуноҳи вай мегузаштам, муаллим, медонед, ки вай ҳамеша маст аст, пули ёфта­аш барои арақ сарф мешавад, ба хона барои бачаҳо ҳеҷ чиз намебиёрад... Худам кор карда рӯзи фарзандо­намро мегузаронам.
— Боз ҳам вазнинтар шудан лозим.
— Нашуд.
— Ба хотири фарзандҳо.

пешина
аз 399
навбатӣ