Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя

ДАР ОРЗУИ ПАДАР

Нозимӣ бо димоғи сӯхта аз кор баргашт. Қавоқҳояш овезон, пеши чашмонаш ожангҳо афтода, сараш урён, аз афташ кулоҳаш дар идора мондааст, фаромӯш кардааст. Пайкараш ҳам ба пеш хам зада, гӯё бо асо роҳ мерафта бошад, дар зери бағалаш ҳамон ҷузвдони чармини сурхи наваш... Ӯ бо ҳамин ҳол аз назди Меҳрубон, ки ба пешвозаш ба долон баромада буд, гузашт, ба саломаш алек нагуфт, мисли ҳаррӯза вайро оғуш кашида, бо қадаш баробар бардошта, аз рухсораҳояш бӯсида, меҳрубониаш накард.
— Додо, — Меҳрубон пешаш давид.

Падар ба ӯ эътибор надод, гӯё вайро намедид. Ба ҳуҷрааш даромад ва дарро сахт пӯшид. Меҳрубон паси он монд... Лаҳзаю дақиқаҳо мегузаштанд. Ӯ аз ҷояш намеҷунбид. Сақф ва деворҳои баландбаланди хонаашон ба хаёли Меҳрубон тира, сиёҳ, ваҳмовар тофтанд.
— Оча, чой дам кардед? — мехост ба монанди ҳаррӯза баъди аз кор омадани падар сари дастархон нишинанд.
— Заҳр мехӯрем, бачам, заҳр, — ҷавоб дод ӯ ва дар ошхона аз қаҳр табакро бо дег, ҷӯмчаро ба табақ зада «кор» мекард. Меҳрубону хоҳаракаш Мижгон дар ҳайрат афтода буданд: ба падару модари онҳо чӣ гап шуда бошад? Чаро чанд рӯз боз алови ҷанг дар хонаи онҳо хомӯш не, бо ҳам гап намезананд, гӯё аз забон мондаанд.

Боз лаҳзаҳо, дақиқаҳо рафтанд. Мушарраф аз ошхона берун шуда, бошаст сӯи ҳуҷраи Нозимӣ давид, дари хонаи ӯро кушод... Алови ҷангу ҳархаша фурӯзонтар гашт, бо ҳам дарафтоданд, яке аз дигаре баландтар дод мезад, фарёд мебардошт, якдигарро дашном медоданд...
— Чӣ кор кардӣ? — мушташро ба сараш мезад шавҳараш.

аз 399
навбатӣ