Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ФАРИДУН ВА
КОВАИ ОҲАНГАР
Коваи Оҳангар пешвои ошӯбгарони аҳди Заҳҳок буда, барои сарнагунсозии ин подшоҳи золиму бедодгар бархестааст. Мувофиқи ривоятҳо аз 18 писари Коваи Оҳангар 17 нафарашро барои морони Заҳҳок мекушанд. Ҳангоме ки сарбозон писари охирини Коваро ба куштан мебаранд, Кова шӯрида, назди Заҳҳок арзу додхоҳӣ меравад. Заҳҳок писари ҳаждаҳуми ӯро раҳонида, аз Кова дархост менамояд, ки ба лавҳаи навиштаҷоти одилу додгустар будани подшоҳ имзо гузорад. Коваи Оҳангар бо хашму ғазаб лавҳаро пора карда, аз ғояти ноинсофию бедодгарии Заҳҳок ба ошӯб бармехезад.
Фаридун дар тахти шоҳӣ.
КОВА ПЕШДОМАНАШРО ДИРАФШ СОХТААСТ?
Кова пешдомани чарминашро ба рамзи додхоҳӣ бар сари найзае баста, ҳамроҳи мардуми ситамдида ба нишемангоҳи Фаридун — кӯҳҳои Дамованд меояд. Фаридун аз дирафши чармини Кова фоли нек гирифта, онро бо сангҳои гаронбаҳою зару гавҳар меорояд, ки дертар бо номи «Дирафши ковиёнӣ» шуҳрат меёбад. Лашкари Фаридун ва ошӯбгарон зери дирафши ковиёнӣ гирд омада, Заҳҳокро сарнагун менамоянд ва дар ҷояш Фаридунро ба тахти Пешдодиён менишонанд.
Фаридун яке аз подшоҳони машҳури сулолаи Пешдодиён мебошад, ки насабаш ба Таҳмураси Девбанд ва Ҷамшед мерасад. Аз рӯи маълумоти Авесто 500 сол подшоҳӣ карда, ҷашни Меҳргонро бунёд гузоштааст. Фаридунро аз таъқиби Заҳҳок модараш Фаронақ гурезонда, барои нигаҳбонӣ кардан ба чӯпоне медиҳад. Фаридун то синни 18 солагӣ ҳамроҳи чӯпон дар кӯҳҳои Дамованду Албурз гашта, чун паҳлавон машҳур мешавад. Ҳангоме ки Коваи Оҳангар бо анбуҳи ошӯбгарон ба назди ӯ меоянд, Фаридун лашкар ороста, ба кинхоҳии Заҳҳок бармехезад. Бо фармоиши Фаридун оҳангарон гурзе месозанд, ки сари он ба сари барзагов монанд буд. Фаридун қалъаи Ганги Диждухтро фатҳ намуда, Заҳҳокро дасту по баста, ба кӯҳи Дамованд мебарад ва мехкӯб менамояд. Ҳамин тариқ, Фаридун давлати Пешдодиёнро дубора барқарор намуда, мамлакатро ободтару пуршукӯҳтар мегардонад.
Аз рӯи ривояти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Фаридун соҳиби се писар шуда, сарзамини паҳноварашро дар миёни писаронаш – Салм, Тур ва Эраҷ тақсим менамояд. Қисмати ғарбии мамлакат – Ховарзамин ба Салм, қисмати шарқӣ – Туронзамин ба Тур ва қисмати миёна – Эронзамин, ки аз ҳама сарзамини беҳтарин буд, ба Эраҷ мерасад. Салм ва Тур аз ғояти рашку ҳасад Эраҷро бо макру найранг мекушанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё