Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПОДШОҲИИ
ҶАМШЕД
Ҷамшед чорумин подшоҳ аз сулолаи Пешдодиён буда, баъди марги падараш Таҳмурас ба тахт нишастааст. Аз рӯи ривояти Авесто Ҷамшед гӯё 1000 сол умр дида, 700 сол подшоҳӣ кардааст. Ӯ аҳли кишварашро ба чаҳор табақа – рӯҳониён, ҷанговарон, кишоварзон ва ҳунармандон тақсим карда, зиндагии мардумро ба низоми муайян медарорад. Дар замони подшоҳии Ҷамшед ҷашни Наврӯз барпо гардида, осудаҳолии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Девон дар хизмати Таҳмурас.
Ҷамшед даъвои худой кард.
ЧАРО ҶАМШЕДРО АЗ ПОДШОҲИ БАРКАНОР
КАРДААНД?
Дар поёни умр ғуруру худписандии Ҷамшед афзуда, мехоҳад, ки мардум ӯро чун худо парастиш кунанд. Аз ин густохии Ҷамшед ҳокимони музофотҳояш барошуфта, ӯро аз подшоҳӣ барканор месозанд ва ба ҷояш Заҳҳокро ба тахт мешинонанд. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳангомаи подшоҳии Ҷамшед хеле аҷибу шавқовар баён шудааст.
ДАВЛАТҲО ВА СУЛОЛАҲОИ БУЗУРГИ ЭРОНИ
ЗАҲҲОК БАРОИ ЧИ
ЧАВОНМАРДОНРО МЕКУШТ?
Заҳҳок яке аз подшоҳони бадкирдор буда, тайи қариб 1000 сол тахти Пешдодиёнро соҳибӣ кардааст. Аз рӯи маълумоти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Заҳҳок бо васвасаи Аҳриман падараш Мардосро кушта, соҳиби тахт ва сарвати афзуне мегардад. Баъди аз подшоҳӣ барканор гаштани Ҷамшед, бузургони кишвар Заҳҳокро оварда ба тахти Эрон менишонанд. Боз Аҳриман ҳамчун ошпаз ба хизмати Заҳҳок даромада, аз ду китфи ӯ мебӯсад ва аз ҷои бӯса ду море сабзида, ба гирди сари Заҳҳок мепечанд. Аҳриман боз дар сурати пизишк пайдо шуда, ба Заҳҳок панд медиҳад, ки ба морон мағзи сари инсонро бихӯронад. Ҳамин тариқ, дар тайи ҳукмронии тӯлонии Заҳҳок беҳтарин ҷавонмардон барои мағзи сарашон кушта мешаванд ва кишвари ободу рӯзгори осудаи мардум рӯ ба харобӣ меорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё