Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Мухтасаре дар шинохти асли тоҷикон
ЗАБОНИ ДАРӢ АЗ КАЙ
НОМИ ФОРСИРО ГИРИФТ?
Забони дарӣ, ки макони пайдоишаш Бохтар (Балхи Қадим) аст, баъд аз забони динию давлатӣ шуданаш дар замони Сомониён ва ҷои забони паҳлавиро дар тамоми Эронзамин гирифтанаш (яъне умумиэронӣ шуданаш) бо номи «форсии дарӣ» машҳур шуд. Пас аз маҳв шудани забони паҳлавӣ (форсии миёна) «форсии дарӣ» танҳо «форсӣ» номида мешуд, зеро дигар ҳоҷат ба «дарӣ» гуфтани он набуд.
Минбаъд «забони форсӣ» гуфтан аз баъди Сомониён то ба солҳои сиюми асри ХХ танҳо маънии ҳамон «форсии дарӣ»-ро дошт.
ОЁ «ФОРСӢ», «ДАРӢ» ВА
«ТОҶИКИ» СЕ ЗАБОНАНД?
«Форсӣ», «дарӣ» ва «тоҷикӣ» номи як забон — ҳамон «забони форсии дарӣ»-и аҳди Сомониён аст, ки баъд аз ҳазор сол дар солҳои 20-60-и асри ХХ бо мақсадҳои сиёсӣ ба он се ном гузоштанд. Дар Эрон бо ҳамон номи таърихӣ боқӣ монд. Дар Осиёи Миёна то солҳои 20-и асри ХХ форсӣ ном дошт. Дар замони Шӯравӣ пас аз таъсис шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони Шӯравӣ забони миллии тоҷиконро, ки форсӣ ном дошт, ба хотири аз забони форсии Эрону Афғонистон ҷудо кардан «забони тоҷикӣ» ном гузоштанд. Дар Афғонистон, ки то соли 1964 «форсӣ» ном дошт, ба он номи «дарӣ» доданд. Ҳамин тавр, бо ҳадафҳои сиёсӣ забони ягонаи бузурги форсӣ дар асри ХХ пора-пора карда шуд.
ШАКЛҲОИ ХАТТИ
АРАБИАСОСИ ФОРСӢ
Пас аз оне, ки аввалин бор дар ислом Қуръон бо хати куфӣ гирд оварда шуд, ҳамин алифбо умумиисломӣ гашт. Ва маҳалли зуҳури ин хат дар ҳудуди Эронзамин буд, яъне дар Куфа.
Баъзе ҳарфҳои он ба хати авестӣ шаклан наздик буданд. Чун донишмандони эронӣ ба ин хат ошноӣ доштанд, дар пайи تکмили он шуданд.
АВВАЛИН БОР ШАКЛИ ХАТТИ
КУФИРО КӢ ДИГАРГУН КАРД?
Тақрибан дар се асри аввали ислом танҳо хати куфӣ истифода мешуд.
Аввалин маротиба дар замони Сомониён аз ҷониби Ибни Муқлаи Шерозӣ (885–940) шакли хати куфӣ дигар карда шуд. Ӯ дар муқобили хати мускилфаҳми куфӣ шаш навъи хати зебои арабиро ихтироъ кард ва аввалин шуда дар алифбои арабӣ нуқтаҳоро гузошт.
Номҳои шашгонаи онҳо чунинанд: сулс, насх, муҳаққақ, райҳон, тавқеъ ва риқоъ. Дар асоси ин ихтирооти ӯ минбаъд даҳҳо шакли хати дигар дар тамоми олами ислом падид омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё