Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ХУРОСОН ВА
МОВАРОУННАҲР

ХУРОСОНИ БУЗУРГ ДАР КУҶО БУД?

Маънии «Хуросон» сарзамини офтобист. Дар қадим ва асрҳои миёна кишвари бузурге буд, ки тамоми Эронзамини Шарқиро аз Дашти Кавири Эрон то сарҳаддоти дарёи Сир дар бар мегирифт. Мовароуннаҳр (ё Вароруди қаблазисломӣ) қисмате аз Хуросони бузург буд. Хуросони бузург сарзамини марказӣ ва асосии аҷдоди тоҷикон буд. Хуросони Эрони кунунӣ як қисми сарзамини Хуросони таърихист, ки камтар аз нисфи асли онро дар бар мегирад.

МОВАРОУННАҲР ЧИ МАЪНИ ДОРАД?

Сарзамини Мовароуннаҳр қисмати шарқии Хуросони бузург буд, ки дар он тарафи рӯди бузурги Ому ҷойгир буд. Ба ҳамин хотир номи ҷуғрофии ин минтақа дар арабӣ «Мовароуннаҳр» шудааст, ки маънияш «он тарафи рӯд» гуфтан аст. Қабл аз ислом ҳам номаш бо ҳамин мазмун буд, вале дар забони ориёӣ, яъне «Варорӯд».

БАРОИ ЧИ НОМҲОИ ҶУҒРОФИИ
ҚАБЛАЗИСЛОМИИ МОВАРОУННАҲР
ОРИЁИ БУДАНД?

Сабаби ориёӣ будани номҳои ҷуғрофии минтақаи Мовароуннаҳр дар он аст, ки аз замонҳои қадим то аввалҳои солшумории милодӣ дар ин сарзамин танҳо қавмҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд, ки баъдан дар арафаи зуҳури ислом ба ин ҷо қавмҳои турк омаданд ва минбаъд номҳои туркӣ низ пайдо шуданд.

ХАРИТАИ ХУРОСОНИ БУЗУРГ
ЗАБОНИ ОРИЁӢ
Ё ФОРСӢ

БАРОИ ЧӢ НОМИ ЗАБОНИ
ОРИЁӢ «ФОРСӢ» ШУД?

Забони ориёӣ ҳамчун забони давлатию динии давлатҳои бузурги ориёӣ, аз ҷумла Ҳахоманишиён ва давлати Кушониён (яъне аз асри VI то милод то асри III баъд аз милод) дар сангнавиштаҳои ҳамон замон боқӣ мондааст. Вале ин забон минбаъд бо номи «порсӣ» (форсӣ) машҳур шуд. Чаро?
Зеро вилояти ғарбии қавмҳои ориёӣ — Форс ба аврупоиён ва арабҳо наздиктар буд, онҳо ин забонро забони форсиҳо мегуфтанд. Ва баъдан дар давраи давлати бузурги Портҳо (Ашкониён), ки марказашон дар Хуросони бузург буд ва ин сарзаминро Порс ҳам мегуфтанд ва он аз вилояти Форс ба маротиб бузургтар буд, бадин сабаб забони онҳоро портӣ, порсӣ, паҳлавӣ низ мегуфтанд. Ин давлати Портҳо дар замони худ ягона давлати бузурги ориёиҳо буд, ки пайваста бо империяи Рум муқобилат мекард ва бад-ин восита дар тамоми Аврупо шуҳрату даҳшат меафканд, забони ориёй ба номи ин давлат ҳам шуҳрат ёфта, боз ҳам бештар номи «форсӣ»-ро гирифт.

ЗАБОНИ ФОРСӢ (ОРИЁӢ) БА ЧАНД ДАВРА ҶУДО МЕШАВАД?

Забони форсӣ ба се давраи таърихӣ ҷудо мешавад: форсияи қадим, ки аз аҳди бостон (тақрибан 3-4 ҳазор сол муқаддам) то асрҳои IV-III то милод идома дошт ва дар аҳди Ҳахоманишиён ҳамчун забони давлатӣ бо истифода аз хатти меҳӣ роиҷ гардид; форсии миёна (паҳлавӣ) аз асрҳои IV-III то милод то асри VIII-IX милодӣ дар кулли Эронзамин густариш ёфт, ки ин забон дар заминаи забонҳои ориёй (форсӣ)-и бостон падид омада, бо расмулхатти портию паҳлавӣ дарҷ мешуд; ва форсии нав (дарӣ), ки ҷойгузини забони форсии миёна гашта, дар аҳди ислом бо истифода аз хатти арабиасос аввал дар Хуросони Бузург ва баъдан дар тамоми Эронзамин паҳн гардид. Ва забони кунунии тоҷикон ҳамон форсии нав (дарӣ) мебошад.

пешина
аз 395
навбатӣ