Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Қабати дуюми бурҷ аз тахтасангҳои мармари сафед бунёд шуда, баландиаш 45 м ва қутри асосаш тақрибан 18 м буд. Дар қабати дуюм олот ва дастгоҳҳои нодири боркашонӣ, силсилаи дару дарвозаҳои мудофиавӣ устувор буданд.
Қабати сеюми устувонашакли бурҷ ба сифати пойдевори 8 сутуни хоросангии назаррабо хизмат мекард, ки болои онҳо гунбаде барқарор буд. Дар болои гунбад муҷассамаи бузурги худои баҳр — Посейдон (баландиаш 7 м) қад афрохта буд. Дар шафати сутунҳо оинаҳои фурӯҳамидаи биринҷӣ нури офтоб ва рӯшноии шамъҳои бузургро акс намуда, то масофаи 60 км равона мекарданд. Дар болои мино оинаҳои офтобӣ насб шуда буданд, ки тавассути онҳо нурро ба киштиҳои душман равона карда, зери назорат мегирифтанд. Дар саҳни қабати дуюм ва сеюми бурҷ силсилаи муҷассамаҳои тилоандудаи илоҳаҳо устувор буданд, ки яке самтҳои боди мухолиф ва ҳаракати амвоҷи баҳрро, дигаре самти ҳаракати Офтобу Моҳро нишон медод, сеюмӣ занги соати обиро ба гардиш меовард ва чорумӣ ҳар соат занг мезад.

Бо дасисаи қайсари Рум халифа Валид бо умеди ёфтани хазинаи ниҳонии Искандари Мақдунӣ аз қабати деворҳои манора қисми болоии бурҷро хароб мекунад. Ҳангоми рабудани оинаҳои нафису муҷассамаҳои мураккабсохт ва хароб кардани қисми деворҳои бурҷ, халифа пай бурд, ки ба доми ҳарифи зирак афтодааст. Вале баъди ин харобсозӣ дубора барқарор кардани Бурҷи Искандария имкон надошт. Боқимондаҳои девори манора то асри XIV вайрону валангор буданд ва харобаҳояш ҳамагӣ 30 м баландӣ доштанд. Дертар ба ҷои бурҷ туркҳои усмонӣ истеҳкоми баҳрӣ сохтанд. Ҳоло қалъаи ҷазираи Фарос ба қароргоҳи киштиҳои ҳарбии Миср табдил ёфтааст.

пешина
аз 395
навбатӣ