Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ГУЛДӮЗӢ

Гулдӯзӣ аз қадимтарин навъҳои санъати ороиши амалии мардумӣ буда, дар рӯйи матоъ бо ресмони пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ аз нахҳои заргу нуқрагӣ, инчунин, бо сангҳои қимматбаҳо, шаддаи майда, муҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворид анҷом дода мешавад. Ҳоло, аксаран, ин амалро мошинаҳои махсуси дарздӯзиву гулдӯзӣ иҷро мекунанд. Асбобу олоти гулдӯзӣ сӯзан, чангак, дарафш, ангуштпона мебошанд. Гулдӯзии мардуми тоҷик таърихи қадим дошта, дар гузашта ба авҷи такомул расида, бо сабку услуби хоссаи миллӣ аз қадимулайём маълуму машҳур будааст.
ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКӢ ЧАНД НАВЪ АСТ?
Гулдӯзии тоҷикиро аз рӯйи услуби дӯхт ба ду навъ ҷудо мекунанд: гулдӯзии тоҷикони кӯҳистон ва тоҷикони водӣнишин. Марду-ми кӯҳистон бештар сарулибос, аз ҷум-ла, пироҳан, хилъат, камзӯлчаҳои ат-фол, нимҷаҳои занона, миёнбанд, ло-кӣ, тоқӣ ва қисман, гаҳворапӯш, ҷилди болишт, ойнахалта, пардаи тиреза, чо-дари арӯсӣ, ҷилди чойник, рӯйҷо ва ғай-раро гулдӯзӣ мекунанд. Гулдӯзону зардӯ-зони водӣнишини Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ӯротеппа, Панҷакенту Конибо-дом, Исфараву Ашт, Қубодиёну Шаҳритуз, аксаран, намояҳо, қарс, рӯйҷо, рӯймол, тӯп-пӣ, болишт, пардаи таҳмон ва умуман, ҷиҳози хонаро гулдӯзӣ мекунанд.

ДАР ГУЛДӮЗӢ КАДОМ НАВЪИ НАҚШҲОРО ИСТИФОДА МЕБАРАНД?

Аз қадим зиёда аз 700 навъи нақши гулдӯ-зӣ маълум аст, ки маъмултаринашон инҳо-анд: аноргул, аштак, барги бед, бодом, гул-гулак, ислимӣ, қаҷак, лола, маҷнунбед, рай-ҳон, себарга, тоҷи хурӯс, мори печон, нохуни паланг, аждаҳо, булбул, гургурак, думи товус, пойӣ каргас, парпар, чанги ғунчишк, оташ, ҳи-лол, ҳашттарк, гулбаст, моҳу ситора ва ғайра. Ҳунарманддони имрӯза анъ-анаҳои санъати гулдӯзии қадимро идома дода, нусхаҳои нави замона-вии гулдӯзӣ - ситораи панҷгӯша, ни-шон, пахта, портрети шахсони бузурги таърихӣ ва ғайраро эҷод кар-даанд.

пешина
аз 395
навбатӣ