Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Варзманор.

МАНОРАИ КОНИБОДОМ

Манора дар канори шарқии шаҳри Конибодом, дар назди масҷиди Хоҷаи Рӯшной аз хишти пухта сохта шудааст. Баландии он 24 м ва қутраш 4,2 м аст. Дар дохили манора зинаи морпеч ибо­рат аз 60 поғунда сохта шудааст, дохи­ли онро даричаҳо, равзанаҳо равшан мекунанд. Девори манора аз хиштҳои суфтае, ки нақшунигори ҳандасӣ до­ранд, чида шудааст. Ин тарзи хишт­чинӣ услуби санъати меъмории мано­расозии асрҳои XI–XII-ро ба хотир ме­оварад. Манора бо равзанаи равоқдо­ри гунбазпӯш хотима меёбад. Он дар ибтидои асри XX бунёд гардидааст.

МАНОРАИ РАРЗ

Ёдгории меъмории мансуб ба асрҳои X–XII дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ. Баландии уму­мии он тақрибан 20 м будааст, ки ҳоло қисми боқимондаи он 10 м буда, қутраш 5 метрро ташкил медиҳад. Манора дар болои таҳқур­сии сангин аз похса бунёд гардида, камарбан­ди хиштӣ дорад. Хиштҳо ба тарзи амудию дан­донашакл чида шудаанд.

Манораи Конибодом.

пешина
аз 395
навбатӣ