Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

ДУШАНБЕ ДАР ДАВРОНИ
ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар даврони истиқлолият шаҳри Душанбе симои меъмории худро замонавӣ карда, дар тайи даҳ соли охир чандин биноҳои муҳташами дорои тарҳу шакли унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардиданд. Метавон ҳайкалҳои муҳташами Исмоили Сомонӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар хиёбони Истиқлол, биноҳои бузургу хушнамуди Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Боғи фароғативу фарҳангии Рӯдакӣ бо силсилаи фаввораҳои зебояшон ном бурд.
Ҳамчунин, дар маркази Душанбе меҳмонхонаҳои навбунёду замонавии «ҲАЁТ», «Истиқлол», «Dushanbe Serena», «Asia Grand Hotel»,
«Исмоили Сомонӣ» ва ғайра бо шукӯҳу шаҳомати меъмории ҷозиб сохта шудаанд.
БИНОИ БАЛАНДТАРИНИ ТОҶИКИСТОН КАДОМ АСТ?

Иншооти нодиру нотакрори бистшёнаи Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гардидааст, ки чун тимсоли замонавии пойтахт шинохта шудааст. Ин бино ба ҳайси маркази тиҷоратию соҳибкорӣ пешбинӣ гардида, яке аз баландтарин биноҳои Тоҷикистон мебошад ва симои воқеии пойтахти тоҷиконро таҷассум мекунад.

пешина
аз 395
навбатӣ