Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Шаҳр маркази бузурги аҳолинишинест, ки сокинони он дар як фазои муштараки маъмурию иқтисодӣ, яъне соҳаҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ, илму фарҳанг ва ғайра кор ва зиндагӣ мекунанд. Шаҳр дорои тарҳи муайяни меъморӣ, кӯчаву хиёбонҳои замонавӣ, маҳалҳову биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои маъмурию ҷамъиятӣ, иморату иншооти саноатӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ ва дигар нуқтаҳои хурду бузурги хизматрасонӣ мебошад. Калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шумор мераванд.
Токио – пойтахти Ҷопон аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои олам ба ҳисоб рафта, 35 млн аҳолӣ дорад ва сол то сол бузургтар мегардад. Дар мамлакати Ҷопон тарзу усулҳои нави тарҳрезии шаҳрҳо, бунёди шаҳрҳои замонавӣ босуръат вусъат ёфта, мегаполисҳои азим ба вуҷуд омадаанд. Шаҳри азими дигаре бо номи Мехико дар Мексика мавҷуд аст, ки 21,2 млн аҳолӣ дорад. Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе имрӯз қариб 1 млн одам зиндагонӣ мекунад.
Шаҳри Лҳасаи Хитой дар баландии 3684 м. аз сатҳи баҳр сохта шудааст. Ин шаҳр пойтахти Тибет буда, дар доманакӯҳҳои Ҳимолой ҷой гирифтааст ва онро гоҳо «Боми ҷаҳон» мемонанд. Пойтахти инкҳои қадим – шаҳри Мачу-Пикчу дар баландии 6000 м аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Анд сохта шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор