Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БИЁБОНҲО

Биёбонҳо наздики 33 дарсади хушкии рӯйи оламро ишғол менамоянд. Миқдори ҳарсолаи боришот дар биёбонҳо аз 250 мм зиёд намешавад, дар баъзе биёбонҳо чанд сол комилан борон намеборад.
Биёбонҳо ҷойи аз ҳама хушки Замин ва бисёр вақт ҷойи сершамолтарин мебошанд. Дар чунин шароит танҳо баъзе рустаниҳо нашъунамо карда метавонанд.

БУЗУРГТАРИН БИЁБОНҲО КАДОМАНД?

Дар рӯйи Замин се биёбони аз ҳама бузургтарин мавҷуд аст – Саҳрои Кабир, биёбони Нимҷазираи Арабистон ва Гоби. Саҳрои Кабир наздики 1/3 ҳудуди Африқоро ишғол мекунад, масоҳати он қариб 8,6 млн км2 аст. Масоҳати биёбони Нимҷазираи Арабистон (Неруди Бузург ва Хурд, Рубъ-ул-Холи ва ғайра) ва биёбони Гоби мувофиқан 2,3 ва 1,2 млн км2 мебошад. Қисми зиёди ҳудуди Австралияро низ биёбонҳо ишғол кардаанд.

ОЁ БИЁБОН ҲАМЕША ГАРМ АСТ?

Дар баъзе биёбонҳо ҳаво то 50° С ва хок то 70–80° С гарм мешавад. Вале дар болои биёбонҳо тақрибан абре нест, ки афканишоти гармиИ Заминро боз дорад, бинобар ин шабона сатҳи он зуд хунук мешавад. Фарқи байни ҳарорати рӯзона ва шабонаи қисмати шарқии биёбони Саҳрои Кабир ба 45° С мерасад. Иқлими биёбони Гоби бештар муътадил аст.

ОЁ ДАР БИЁБОН ОДАМОН ЗИНДАГИ
КАРДА МЕТАВОНАНД?

Дар биёбонҳо асосан кӯчманчиён – чорводороне, ки дар ҷустуҷӯи чарогоҳ ва манбаъҳои об аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯч мебанданд, зиндагӣ мекунанд. Қароргоҳҳои доимӣ фақат дар воҳаҳо мавҷуданд. Вале дар замони мо одамон худашон ташкил кардани воҳаҳоро ёд гирифтаанд, бинобар ин баъзе заминҳои биёбонӣ обёрӣ ва ба шароити зиндагӣ мутобиқ карда шудаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ