Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Чуғрофия
ДАР ҚИТЪАИ АЗ ҲАМА ДУРИ ОЛАМ
КИҲО ЗИНДАГОНИ МЕКУНАНД?
Бошандаҳои сарзамини қутби дури шимол сокинони Ни Алезунд мебошанд, ки дар қисми арктикии ҷазираи Шписберген умр ба сар мебаранд. Дар минтақаи аз ҳама ҷанубтарини олам сокинони Пуэрто Вилямси Чили зиндагӣ доранд.
А. Қаюмов дар назди дирафши Тоҷикистон дар Антарктида, ки онро худи ӯ он ҷо насб кардааст.
ДИРАФШ (ПАРЧАМ)-И ТОҶИКИСТОН
ДАР АНТАРКТИДА
Кадоме аз шумоён медонед, ки дар Антарктида низ дирафши Тоҷикистонро парафшон кардаанд? Ин шарафи бузург ба олими тоҷик, профессор Абдулҳамид Қаюмов муяссар гаштааст. Бори аввал экспедицияи расмии Тоҷикистон соли 2009 бо роҳбарии ин олим ба Қутби Ҷанубӣ бо мақсади таҳқиқи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити атроф, пиряхҳо ва мутобиқшавии одамон ба Антарктида сафар карда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар қитъаи шашуми олам қомат афрохтани Дирафши давлатии Тоҷикистон боиси ифтихори мо аст.
ОБШАВИИ ЯХҲО АЗ ЧИСТ?
Соли 1990 дар якчанд қисматҳои Антарктика доманаҳои паҳновари яхин ба обшавӣ оғоз намуд. Чунин ақидае вуҷуд дорад, ки ин обшавӣ дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво ва вазъи нохуби экологӣ ба амал меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор