Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Ҷуғрофия

КӮЛИ АМИҚТАРИНИ ОЛАМ

Кӯли аз ҳама амиқтарини олам Байкал буда, дар ҷануби Сибири Шарқӣ, ҳудуди Бурятистон ва вилояти Иркутски Федерацияи Руссия воқеъ аст. Сатҳаш 31,5 ҳазор км² буда, дарозиаш 636 км, бараш ба ҳисоби миёна 48 км, ҷойи аз ҳама сербараш қариб 80 км, ҷойи аз ҳама амиқаш дар мобайни кӯл 1620 м. Ҳаҷми об 23000 км³. Қариб 20 дарсади захираи оби ширини ҷаҳониро ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзааш қариб 600 ҳазор км². Ба кӯли Байкал 336 дарёю дарёчаҳо мерезанд, аз он фақат дарёи Ангара ҷорӣ шуда, ба дарёи Енисей мерезад. Дар он зиёда аз 50 намуд моҳӣ ҳаст.
Дар Тоҷикистон тақрибан 2000 кӯл мавҷуд аст. Аксарияти кӯлҳо ҳавзаҳое мебошанд, ки сатҳи обашон камтар аз 1 км мураббаъ мебошад. Шумораи асосии кӯлҳо (79 дарсад) дар минтақаҳои кӯҳистони Помиру Олой, дар фосилаи баландиҳои 3500-5000 м ҷойгир шудаанд. Оби қариб ҳамаи кӯлҳои Тоҷикистон ширин буда, Искандаркӯл ва Сарез манбаи фаровони оби нӯшокӣ ба шумор мераванд. Кӯлеро, ки аз он дарё ҷорӣ мешавад, кӯли равон ва кӯлеро, ки аз он дарё ҷорӣ намешавад, кӯли сарбаста меноманд. Дар Тоҷикистон кӯлҳои равон бисёранд, аз ҷумла Зоркӯл, Яшилкӯл, Сарез ва Искандаркӯл кӯлҳое мебошанд, ки ба ҳар яке онҳо якчанд дарё рехта, аз онҳо як дарё ибтидо мегирад.
Қарокӯл аз ҷумлаи кӯлҳои сарбаста аст.

Ҳафткӯл.

Ҳафткӯл иборат аз 7 кӯл мебошад: Марғузор, Мичгон, Ҳушёр, Ҳазорчашма, Соя, Хурдак ва Нофин. Он яке аз назарработарин кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Он дар баландии 2139 м воқеъ буда, майдони сатҳи обаш 1,2 км, обаш ширин аст.

Искандаркӯл яке аз зеботарин кӯлҳои Тоҷикистон буда, оби ширин дорад. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш ва Саримаву чандин чашмаҳо мерезанд ва оби фаровони Искандаркӯл ба дарёи Зарафшон ҷорӣ мешавад. Аз сабаби манзараи зебову иқлими мусоид доштанаш ба Искандаркӯл сайёҳони бисёр меоянд. Майдони сатҳи оби он 3,41 км буда, тӯлаш 3,3 км аст. Умқи кӯл 72 м буда дар баландии 2195 м воқеъ аст.

пешина
аз 395
навбатӣ