Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Одамони аҳди қадим дар бораи пайдоиши Замин ва сайёраҳо чандон тасаввуроти дақиқ надоштанд. Аз ин рӯ, онҳо дар бораи Замин, пайдоиши Олам ва дигар мавҷудоти табиат ривояту пиндорҳои худро офаридаанд. Ба пиндори сокинони Осиё ва ниёгони тоҷикон гӯё Замин дар рӯйи дарёи паҳновар воқеъ буда, дар болои дарё сангпушти бузург ва ба рӯйи сангпушт филҳо қарор доранд, ки Замин дар пушти филон устувор аст. Ба андешаи мардуми бостонии Юному Руми қадим гӯё гирдогирди хушкии рӯйи оламро уқёнус иҳота кардааст ва канори нопайдои кураи Замин дар китфи эзади таҳамтан Атлант буда, расидани одамони одӣ ба он ҷо номумкин аст. Ҳамчунин Искандари Мақдунӣ ҳангоми кишваркушоиҳо азм карда буд, ки то Ойкумена, яъне канори кураи Замин кишварҳоро фатҳ хоҳад кард, аммо умраш вафо накард ва дар синни 32-солагӣ фавтид. Ин гуна тасаввуротҳои асотирӣ то давраҳои кашфиёти ситорашиносӣ ва ихтирои телескоп давом ёфта, сипас, зимни таҳқиқоти илмӣ ҷойгиршавии низоми Офтоб, сайёраҳо ва Замин барои одамон муайян гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор