Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ХУН ВА УЗВҲОИ
ХУНОФАР

Хун дар рагҳои хунгард пайваста дар ҳаракат буда, ба ҳамаи узву бофтаҳо ворид мешавад ва гӯё онҳоро ба ҳам мепайвандад. Хун дар организм вазифаи гуногунро иҷро мекунад. Масалан, оксигенро аз шуш ба бофтаҳо, гази карбонатро аз бофтаҳо ба шуш мебарад. Хун муҳити дохилии организм, яъне фишор, миқдори об, намакҳои маъданиро танзим намуда, дар ҳолати доимӣ нигоҳ медорад.

Ҳемоглобинҳо дар таркиби хун.

ХУН ЧАРО СУРХ АСТ?

Дар организми одами калон зиёда аз 5 л хун мавҷуд аст. Яке аз унсурҳои асосии таркиби он ҳемоглобин ном сафеда аст. Ҳемоглобин аз оҳан таркиб ёфтааст ва ба хун ранги сурх медиҳад, оксигенро аз шуш ба ҷойҳои зарурӣ мебарад. Баъзан ранги хун сурхи паст, гоҳо сурхи сиёҳтоб низ мешавад. Он ба миқдори оксигени таркиби хун вобастагӣ дорад.

пешина
аз 395
навбатӣ