Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
РОМ КАРДАНИ ҲАЙВОНОТ
Қариб 12 ҳазор сол пеш одамон ба ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ сар карда, онҳоро дар наздикии бошишгоҳҳои худ парвариш менамуданд. Имрӯз ҳайвон барои одам ҳам ёрирасон асту ҳам манбаи даромаду ғизо. Масалан, инсон аз гӯшт ва шири гов, буз, гӯсфанд маҳсулоти гуногу-ни хӯрокворӣ мегирад. Сагобӣ, рӯбоҳи ши-молӣ, санҷоб ва бузу гӯсфандро барои мӯ-ина ва пашм парвариш мекунад. Одамон фил, гов, асп, шутурро барои иҷрои кор-ҳои вазнин ром кардаанд. Дар мусобиқа-ҳои варзишӣ ва пойгаҳо аспу шутур ва ди-гар чорпоҳои саворӣ ширкат карда, ба соҳи-би худ маблағу шуҳрат меоранд.
КАДОМЕ АЗ ҲАЙВОНҲОИ ХОНАГӢ ЁРИРАСОНИ ОДАМ АСТ?
То ихтирои мошина ва дигар намуд-ҳои нақлиёти боркашонӣ улавҳои гуно-гун, яъне шутур, маркаб, фил ва лама борҳои вазнинро мекашонданд. Дар он ҷое, ки трактор намегардад, маъмулан асп, барзагов ва говмешҳоро ба сипор баста, замин шудгор мекунанд. Сагҳо ҳавлӣ ва хонаро посбонӣ мекунанд, дар бошишгоҳу чарогоҳҳо рамаи бузу гӯс-фандонро мечаронанду нигоҳубин ме-намоянд, афтодаҳолону нобиноёнро раҳнамоӣ месозанд, аз рӯи бӯй (мавод-ди муҳаддира) ва моддаҳои тарқанда-ро меёбанд.
Ҳайвоноти хонагӣ.
Маъмултарин ҳайвони хонагӣ саг аст. Саг аз насли гург ба вуҷуд омадааст. Сагро 15000 сол пеш хонагӣ кардаанд. То имрӯз зиёда аз 400 зоти саг мавҷуд аст, ки онҳо аз рӯи сохти бадан, пашм, ранг ва рафтор фарқ мекунанд. Зоти саг ба се гурӯҳ тақсим карда мешавад: шикорӣ, хидматӣ ва хонагӣ. Одам сагро бо мақсадҳои гуногун – посбонӣ, чарондани рама, дарёфтани ҷинояткорон истифода мебарад.
Асп ягона ҳайвонест, ки дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Аспҳоро қариб 6000 сол пеш дар Осиё қавмҳои ориёӣ ром карда буданд, ки насаби мо тоҷикон низ то ориёиҳо рафта мерасад.
Ниёгони ориёии мо аспсавориро оғоз бахшиданд ва аробаҳои боркашонӣ ва ҷангии аспӣ, яъне гардунаро истифода карданд. Ориёиҳо чорворо бештар барои гӯшт, шир ва пӯст, инчунин барои шудгору кашонидани борҳои вазнин парвариш мекарданд ва ба сипору ароба мебастанд. Ҳоло зиёда аз 150 зоти аспу тоту (пони)-ҳо вуҷуд доранд.
Дар Тоҷикистон зоти аспҳои гуногуни тездав мавҷуданд. Дар яке аз чунин мусобиқаҳо аспи тоҷикӣ масофаи 7 км-ро дар 8 дақиқаву 59,7 сония тай намудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо