Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ШИРХӮРОНИ ОБӢ

Ҳаёти кундуз ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ мегузарад. Вай бештар дар назди обанборҳо аз шохҷаю лой хона сохта зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш 100 см буда, то 30 кг вазн дорад. Мӯинааш ҷилодори дурушт, рангаш бури сиёҳтоб ва сиёҳ аст. Қундуз думи хеле аҷиб дорад, он тахташакл буда, бо пулакчаҳо пӯшида шудааст. Туфайли думаш қундуз дар об тез ҳаракат мекунад. Як замонҳо дар Тоҷикистон кундузҳо буданд, вале имрӯз батамом нест шудаанд.

Ширхӯрони обӣ дар уқёнус, баҳр, рӯдхона ва обанборҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо чор намуданд: наҳангмонандҳо, белпойҳо, хукҳои обӣ ва каланҳо. Ҳар яке аз ин намудҳо ба худ тарзи гуногуни зист дорад. Масалан, делфин (ромуз) тамоми ҳаёташро дар об мегузаронад, сагобӣ ғизояшро, ки иборат аз моҳию қурбоққа, мурғобӣ ва мушҳои обӣ аст, аз об меҷӯяд. Саршумори сагобӣ дар Тоҷикистон кам мондааст. Онро қариб дар ҳамаи обанборҳои ҷумҳурӣ (ғайр аз Помири Шарқӣ) дучор омадан мумкин аст.

Сагобӣ ҷонвари ширхӯри даранда буда, қариб дар ҳама обҳои паҳновару ором, аз ҷумла дар обанборҳои мо вомехӯрад. Аз сабаби камшумор шуданашон шикори онро манъ кардаанд. Сагобӣ то 10 кг вазн дошта, танаш боқувват, думаш дароз, пойҳояш кӯтоҳу ғироанд. Байни ангуштони пойҳои сагобӣ парда дорад. Сагобӣ ҳангоми сайд кардан моҳиро бо пойҳои худ дошта мегирад.

пешина
аз 395
навбатӣ