Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

САРСУХАН БАРОИ КАЛОНСОЛОН

Ояндаи ҳар як миллат баста бар он аст, ки аз имрӯз кӯдакони он чӣ гуна тарбият мешаванд. Бад-ин хотир аст, ки кулли ҳукуматҳо дар мамолики мутамаддин аз тамоми воситаҳои имконпазир истифода мекунанд, то маърифатнокии кӯдакони кишвари худро таъмин карда бошанд. Дар ин миён беҳтарин воситаи ба донишко фаро гирифтани кӯдак, чунонки ба исбот расидааст, таълифу нашр ва дастрасии кӯдакон кардани донишномаҳои гуногуни илмӣ-оммавии бачагона аст. Таваҷҷуҳи донишмандони олам ва мақомоти давлатии кишварҳо дар панҷоҳ соли ахир ба ривоҷи ин риштаи бузурги маърифат чунон афзудааст, ки дар баъзе аз мамолик садҳо намуд донишномаҳо ба нашр мерасанд. Алҳол бештар аз нисфи китобҳои талаботи ҳаррӯза дар ҷаҳон маҳз ҳамин донишномаҳои бачагонаанд.

Дар донишномаҳои бачагона тамоми маълумот бо забони содаи адабӣ, ки бар ҳама фаҳмо ва ҳам шавқовар буда бошад, фароҳам меоянд. Чунин маълумот натанҳо барои кӯдакону наврасон балки барои калонсолон низ лозиманд. Ин донишномаҳо ҳамчунон ки барои тамоми хонандагону донишҷӯён заруранд, инчунин барои нигаҳдорӣ ва тақвияти савияи маърифатии хатмкардагони кулли макотибу донишгоҳҳои мамлакат, ки минбаъд аз таълиму тадрис канда мешаванд, то даврони пирию барҷомондагӣ судманданд. Мавҷуд будани чунин китоб дар ҳар хонадон хоҳ-нохоҳ аҳли онро маҷбур месозад, ки ҳама аз он истифода кунанд; махсусан кӯдак, ки табиати кунҷковии онон бештар аст, дар дарёфти маонии он бузургсолонро ҳамчун мураббию муаллим маҷбуран ба муто-лааву таълим мекашанд, яъне, донишномаҳои бачагона ҳамеша муаллиму мураббӣ доранд. Чунин китобҳо танзими волояти донишу маърифатро дар миёни аҳли хонавода, ба истилоҳ «аз 7 то 70-со-ла» мунтазам нигоҳ медоранд, ки бад-ин восита таъмини оммавии илми дониш дар миёни аҳли кишвар устувор боқӣ мемонад ва бесаводию бедонишӣ аз миён меравад. Ҳар мамлакате, ки дар ин авохир аз чунин сирр огоҳ шуд ва онро амалӣ кард, дар миёни дигар мамолик пешраву мутараққӣ гардид.

Сабаб чист, ки давлатҳо бошиддат ба ин тарзи донишандӯзӣ рӯй овардаанд? Агарчи қаблан низ маълум буд, ки ба дониш фаро гирифтани инсон дар давраҳои аввали хурдсолӣ беҳтару пурсамартар аст, аммо ин фаҳмиш оммавӣ набуд, танҳо табақаҳои огоҳ кӯшиш мекарданд, ки то шашсолагӣ кӯдакони худро ба дониш фаро бигиранд, то бештару беҳтар майнаи онон бедору фаъол гардад. Чунин таҷриба барои ниёгони мо низ аз қадимулайём маълум буд. Чунончи мутафаккирони маъруфи мо қариб ҳама то 7-8-солагӣ Қуръонро ба пуррагӣ азбар мекарданд ва дар ҳамин синну сол ҳатто шеър мегуфтанд ва таъриху ҳадис меомӯхтанд, ки ин ҳама боиси ташаккулу таҳаввул дар майнаи онон ба ҳангоми ташаккули биологии будааст. Агарчи дар аввали ҳаёт маънии азёдшудаҳо бароишон таъқул намегардид, вале зеҳн тезу гиро мешуд ва минбаъд дар ҷараёни солҳои баъдӣ аз умқи маъонӣ бархурдор мешаванд.

Имрӯз илм собит намудааст, ки ташаккули биологии майнаи кӯдак дар шаш соли аввал аст ва баъд аз он қатъ мегардад. Ва ҳар донише, ки кӯдак ба ҳангоми ташаккули майна (яъне то ҳафтсолагӣ) бармедорад, дар майнаи ӯ барои ҳамешагӣ нақш мебандад, чунонки бузургони мо гуфтаанд, «ба манзалаи нақш дар санг» аст. Донишманди маъруфи замони муосир Гленн Доман (1919–2013), ки китобҳои ӯ аз серхаридортарин китобҳои олами имрӯз дар бахши таълиму тарбияи кӯдаканд, мефармояд, ки ҳар қадар бо кӯдак дар солҳои аввали ҳаёти ӯ машғул шавем, нерӯи ақло니아ш ба ҳамон андоза зудтар инкишоф меёбад ва ҳар чӣ зиёдтар ҳаракат кунад, инкишофи майнаи ӯ бештар сурат мегирад. Кӯдакони ду-сесола метавонанд ба осонӣ хондан, ҳисоб кардан, расм кашидан, давидан, оббозӣ кардан, конкитозӣ кардан, мусиқӣ навохтан ва бо чандин забони хориҷӣ ҳарф заданро биомӯзанд. Ва барои ин заҳмати бештаре лозим нест, зеро майнаи кӯдак маҳз барои омӯхтан барномарезӣ шуда аст. Доман меафзояд, ки пас аз сесолагӣ инкишофи босуръати майна суст ва дар ҳафтсолагӣ амалан қатъ мегардад. Ва танҳо пас аз ин таълими расмӣ дар мактаб шурӯъ мешавад.

пешина
аз 395
навбатӣ