Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Одамони касбу корашон гуногун дар бораи А. Сайфуллоев фикру сухани неке нагуфтанд. Ҳатто худи муфаттиш Ислом Муҳиддинов ҳам (айнан) «Абдураҳмон Сайфуллоев дар колхози «Москва» ҳамчун атаману авбош ном баровардааст. Ҳама аз вай метарсанд» мегӯяд. Фақат ба ҳамин гуфтаи муфаттиш розӣ шудан мумкин аст. Чунки А. Сайфуллоев пеш ду маротиба - аввал соли 1959 барои авбошиаш ду сол ва боз соли 1972 барои бо ҳуҷҷатҳои сохта пахта фурӯхтанаш як солу шаш моҳ маҳкум шуда буд. Ва барои ҳамин гуноҳаш ӯро аз сафи партия хориҷ ҳам карда буданд.

Инак, авбош боз авбошӣ ва ҷиноят содир кардааст. Лаҷоми ӯро суст намонда, ин дафъа дурусттар кашидан лозим будагист?!

Соли 1977

ДИЛИ ОДАТКАРДА – БАЛОИ ЧОН

Баъзеҳо қиссаи зиндагии худро аз диловаrӣ сар мекунанд, ман бошам, аз тӯю нақора ибтидо мебахшидам.

Дар бистсолагиам падару модар маро бо Нишоной хонадор карданд.

Як пагоҳӣ мактаб дарсдиҳӣ мерафтам, ки аз пеш Турсуной баромад. Анна қаду мана қомат, чашму абрӯи сиёҳашро намегӯед! Ҳай-ҳай, Турсуной як парӣ, хоки пои ту шавад», гуфтаму сӯяш чашмакӣ задам. Рӯзи дигар тарафаш қош паррондам. Чӣ мегӯед, ки духтари содда ҳам моилам шуд. Вақтро аз даст надода, кафши Нишонойро пеш мондам. Ҳарчанд «Абдумаҷид, аз ман чӣ гуноҳ гузашта?», гуфта пурсид, сонӣ мефаҳмӣ, гуфтам. Бечора духтари вазнин буд. Гапро ду накарда, баромада рафт. Дар хонаи падараш Анзурат ба олам омад. Ман падар шудам. Лекин аллакай бо Турсуной Охунова зиндагӣ мекардам. Ман як одате дорам: бо зан аз қайди никоҳ гузаштанро бало барин бад мебинам. Акнун Турсуной ду пой дар як мӯза халида якравӣ мекард: «ЗАГС мекунем, барои бачаҳо шаҳодатнома мегирем». Солҳо паси ҳам гузаштанд. Аввал Малоҳат, баъд Ислом, сонӣ Ҳалима таваллуд шуданд. Ҳарчанд, «эй зани содда, худашон, ки калон шуданд, шаҳодатномаашонро ёфта мегиранд», гӯям, не дия! Банд ба гарданам андохтанд ва мо аз қайди никоҳ гузаштем. Ана ЗАГС ҳам кардем, боз чӣ? Ой, маро Абдумаҷид Дӯстов мегӯянд! Як

пешина
аз 173
навбатӣ