Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
модарашонро даъват карда, онҳоро дугу даранг ва сиёсати ҳавой карда ва аз онҳо дусад-сесад сомониро ситонида, баъд ба онҳо чортарафатон қибла - гӯён лаҷомашонро сар медиҳад. Рӯзе нест, ки аз дасти ин хлопушкабозҳо дар маҳаллаи мо ягон ҷанҷолу хархаша, кашлкасию саркафонӣ ба амал наояд.
Дирӯз аз кор баргаштам, як марди паҳлавонҷусса як писарбачаи 12-13 соларо аз кашталаш кашолакунон дашномҳои қабеҳ дода «рафтем, ман бо падару модарат дурустак гуфтугӯ кунам», - гуфту гирифта овард.
- Дар хонам хоб будам, - мегӯяд марди паҳлавон.
Дар подъездамон чунон таркиши сахте шуд, ки хаёл кардам кассе биноро тарконид, кӯдаки ширмакам дар гаҳвора хоб буд, аз тарса якбора ба доду фиғон даромад. Ин чӣ беодобӣ аст?! Ман полковники милисаям, ҳозир метавонам якто акт кунаму писаратонро бурда шинонам...
Рӯзи дигар дар майдончаи варзишии назди ҳавлиамон, ки он ҷо одатан ҷои хлопушкакафонии бачаҳо мебошад, ду марди миёнасол занозанӣ доштанд. Аз биноҳои гирду атроф тамоми хурду калон тамошобинони зиёде ҷамъ омадаанд. Сару пеши якеаш кафидагӣ, пур аз хуну халаф, аз дигараш куртааш даридагӣ, як остинаш ҳасту дасти дуюмаш беостин луб-луч кандагӣ. Ҳамаш ин кашталканиҳо аз касофати хлопушка аст.
Писари марди якостина хлопушкаро дар пеши пои марди саркафида кафонида ӯро сахт тарсонидааст. Ҳанӯз анбӯҳи одамон парешон нашуда, аз пеши бинои сеюм садое баланд шуд: - «Хлопушкада биё, бача»!!! Ин садо ҷамъомадагонро парешон кард: кӯдакон ба сӯи хлопушкафурӯш давиданд. Пеш дар маҳаллаи мо аз гирдупеш садоҳои «Ҷуворида биё, бача!», «Семичкада биё, бача» шунида мешуданд, акнун аз ҳар гӯшаи маҳалла садои «Хлопушкада биё, бача!» шунида мешавад.
Мурад бизнес! Бизнесаш ҳамин будааст, кадомеш, ки кисаро пур кунонад, мардум баҳамон чангол дароз мекунанд. Мегӯянд, ки баъзеҳо пагоҳӣ барвақт ба «Аҷинабозор» мераванду аз он ҷо хлопушкаро яклухт харида, баъд ба маҳалла оварда, дар кӯчаю тангкӯча мисли чӯгиҳо турба дар китф «Хлопушкада биё, бача!», - гӯён мегарданд.
Ду-се рӯз пештар дар пешайвони хонаамон будам, нохост аз берун садои ғалоғула, доду фарёд ба гӯшам расид, тирезаро кушода ба берун назар андозам, дар ҳамон майдончаи варзишӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё