Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
«АСРОРИ НАВО?»
(Тақлид ба як барномаи радио)
Инак, шунавандагони мӯҳтарам, рӯи мавҷи 104,07 FM барномаи дӯстдоштаи шумо «Асрори наво»-ро пешкаштатон мегардонем. Телефонро хотиррасон мекунам: 900-32-89.
Мо ҳайати эҷодӣ ҷамъи ҳамкоронамон дар ҳайати муаллиф, муҳаррир ва баранда Клухаки Сафолӣ, коргардон Нозир Фидой ва муназзими овоз Шаҳло Ҳотамӣ.
Хуб, шунавандаи аввалини мо дар хатти алоқа қарор дорад:
— Алло, алло, мо шуморо гӯш мекунем, баландтар гап занед! Не, ин қадар баландии бад не-да!.
Боз микрофонро накафонед!
Хуб худро муаррифӣ намоед.
— Номи ман Лола, аз деҳаи Лолазор.
— Хӯб шумо дар байни лолаҳо таваллуд шудаед, ки номатонро Лола ниҳодаанд?...
— Алло, алло, чӣ хомӯш шудед?
Хуб ба чӣ кор машғулед?
— Ба кори хона...
— Хӯб, шӯ доред?
— Чӣ-й-й?!!
— Ман мегӯям, ки шавҳар доред?
— Ӯй, тиррончак, ба шавҳар доштағани ман чӣ кор доред? ЯК шавҳар дорам, ки агар ба дасташ афтӣ... Садои гуд-гуди гӯшаки телефон идома ёфт. Афсӯс як шунавандаро аз даст додем!
— Боз дар хатти алоқа шунавандаи дигар:
— Алло, алло? Хӯб худро шинос намоед. Садоятон хир-хир мекунад, баландгӯякро дуртар гиред. Номатон?
— Номам Клухак Сафолӣ аз деҳаи Лолазор.
— Э-э чихел нағз ҳамном будаем, имрӯз ҳама аз деҳаи Лолазор занг зада истодаанд. Тарафи рост меравед, ё ба тарафи чап?
— Ба тарафи чап.
— Хӯб рақами токро интихоб мекунед ё ҷуфтро?
— Рақами токро.
— Хӯб кадом рақамро интихоб мекунед?
— Рақами 5-ро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё