Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Агар боз як бори дигар ба мусиқӣ кордор шавӣ, аз чор дандони поёнат маҳрум мегардӣ, сиҳат мондани ҷогатро ҳам кафолат намедиҳам.
  • Ҳой, бача, баланди бад нарав, мӯйсафедро таҳқир накун, гуфт яке аз мусофирон.
  • Ман мӯҳтоҷи насиҳати касе нестам, таго! — гуфту мусиқии хориҷиро баланд кард. Бихон, ҷонам, бихон, баланд бихон ва худаш ҳамовоз шуд... Агар боз касе, радиота паст кун, гуфта зрод мегирад, срāза аз мошин мефарорам.
  • Дар гузаргоҳ манъ кунед, додар.
  • Чӣ... я? Ана бинед, боз гузаргоҳ мегӯяд, боз фармон медиҳад!
  • Охир сад бор гуфтам, ки «Пешаход», «Светафор» ва «Астановка» гӯед. Гузаргоҳи туро кӣ мефаҳмад? Маданият нест - да, забонатонро ғунда газад! Языка расво кардед! Ку биё, боз кӣ проезда надодааст? Хола, ту боз 60 дирами дигар деҳ!
  • 60 дирам додам - ку, барои чӣ боз 60 дирам?
    Барои ду седкаи пури бозориат. Набошад седқаҳоятро дар китфат гир, ки ҷойро банд накунӣ! Гир гуфтам, гапро бисёр накун, ки ҳозир мефарорамат, фаҳмидӣ?
  • Ой, бача, нафасам гирифт, ақаллан тирезаҳоятро кушо!
  • Нафасат гирифт чуқур - чуқур дам каш!
    Тирезаҳоро мекушояму лекин боз кадометон шамол хӯрда, касали мининтит нашаве, мегум. Вокзал ҳаст? Кӣ мебарояд? Нест, ҳай кун! Ҳамаро рост ба конечка - Зарафшон мебарам.
  • Не, бачам, гуфт кампир аз қафо, - ман дар касалхона мефароям.
  • Биё, кӣ дар балниса мефарояд?
    Хола, фаро, оҳиста, ки сарат ба дар назанад. Хола, як калушат монд, як поят бекалуш куҷо меравӣ?
    Биё, бача, 82, Испечак, Зарафшон, рост медароӣ, рост меистӣ, рост мебарамат, ҷои холӣ бисёр. Боз се каси дигар рост истоданашон мумкин. Биё, мусиқии импортнӣ гӯш мекунӣ. Паварот ҳаст? Ҳамаатон бишине, дар сари паварот ГАИ истодааст! Ҳозир қарор медиҳад, як сомона мегирад! Телефони мобилита хомӯш кун, бача, ика, гапи пур задӣ, ҳозир агар ГАИ бинад, онро аз дастат кашида мегираш.
  • Чепуха, боз падарам, дигарашро харида медиҳад.
пешина
аз 173
навбатӣ