Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтур аввал набзашро санҷид. Ва баъд фишорашро чен карда бо тахайюр сар ҷунбонида: Бегоҳӣ пеш аз хоб чӣ хурда будед?, - пурсид аз бемор.

Бегоҳӣ се - чор дона чалпаки равғанӣ, як пиёла қаймоқ, як коса тушбера ва камтар мургбирён, баъд аз болояшон ба ҷои чой як литр шири хомро дам кашида будам.

Иштиҳоятон бад намудааст, Соҳиб Сабурович, ҳайрат, ки накафидаед.

Чӣ ин бисёр аст, магар?, - саволомез пурсид Соҳиб Сабурович.

Охир шуморо бо фишори баланд бистарӣ кардаанд, камтар лаҷоми нафсро ба даст гирифтан лозим. Ҳоло ҳам Худо раҳматонро хӯрдааст, ки хун аз биниатон омадааст, агар ба майна мезад, чӣ мешуд?!

Вазнатон чанд кило?

Вазнам 107 кило.

Қадатон чанд?

Қадам 160 сантиметр.

Шумо аз вазнатон бояд 47 килояшро партоед. Метавонед?!

Чӣ хел партоям?

Яъне хароб шавед, яку якбора не, дар тӯли се - чор моҳ, аз хӯрдани ғизоҳои хамирӣ тамоман худдорӣ мекунед.

Ҳама гапатон дуруст рафиқ духтур, лекин шумо гӯед, ки лингаи холӣ рост меистад, магар? Шумо медонед, ки агар гов се рӯз алаф нахӯрад, мемурад.

Ман сохтмончӣ, рӯзи дароз лой мекунам, хишт мечинам, андова мекунам, агар девор таҳкурсиаш суст бошад, бино мегардад, дар хуни одамон зомин мешавам.

Органиуми инсон ҳам мисли иморат аст, агар таҳкурсии мустаҳкам надошта бошад, вай дер намепояд. Ман мантуро бе нон хӯрда наметавонам ва ҳатто самбӯсаро бо нон мехӯрам.

Шумо бошед мегӯед, ки ман се - чор моҳ аз ғизоҳои хамирӣ худдорӣ намоям. Э..Э, ҳе, якбора муру мон, гӯед! Ин тавсияи шумо ба организми ман ҳеҷ рост намеояд, рафиқ духтур, ягон роҳи дигарашро нишон диҳед. Ман барои шумо як мисоли дигарро меоварам:

Раҳматии хушдоманам, Худоё ҷояш ҷаннат бошад, зани қоматбаланди фарбеҳи чорпахлӯ буд. Шавҳараш бошад,

пешина
аз 173
навбатӣ