Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Майлаш гуфтаму дилам хиҷил шуд: охир таёкро Эраҷ шикаст ку акнун ба ӯ чӣ ҷавоб диҳам?!

Ҳарчӣ бодо бод, - гуфта ҳамон таёки табаррукии раҳматии кампири Роҳиларо гирифта наздаш рафтам...

Ман узрхоҳона ба Латифи чармак таёки лентапечи табаррукиро дароз карда гуфтам, ки таёқатро набераам шикаст, ба ҷояш инро гиру мон, ба таёқат монанд, як таёкчаи зебо харида меорам.

Э, ака нағз нашудааст, вай таёқ аз модаркалони хушдоманам ёдгорӣ монда буд, агар завҷаам фаҳмад, ғавго мебардорад. Илтимос, ӯ нафаҳмида ёфта биёр, чунки вай таёқча аз бибикалонаш табаррукӣ буд... Гардам аз тақдирам, фақат таёқчаҳои табаррукӣ насиби ман будаанд...

Ба ҷустуҷӯи таёқаш баромадам. Ба ман гуфтанд, ки дар мағозаи масҷиди Қозиёт чунин таёқҳоро бо нархи гарон мефурӯшанд, рафта ёфтам ва як пурнақшу нигорашро гирифта, бурда ба Чармак дода ором шудам, ҷонам ором гирифт. Лекин ин хаёлам пеш аз тӯй нақора будааст. Шаб расо соати дувоздаҳ занги телефон садо дод. Гӯшакро бардоштам. Боз овози Чармак?

Ман - Латиф! ҳамон таёки шикастаро ҳам пагоҳӣ гирифта биёр!- гуфт ӯ.

«Оҳ, корро Худо зад! Боз ягон нағмаи дигар мекунад, ин Чармак? гуфтам, завҷааш хабар ёфтагӣ!

Таёқчаи табаррукиро, ки се пора шуда буд, бардошта бурдам. Онро ҷо ба ҷо карда, бо лента печонид ва бо таёки навхаридаам муқоиса карду баъд ба ман нишон дода:- Мана, акнун бин, кунгураҳои таёкчаи мо майда - майда сохтагӣ, аз таёқи ту овардагӣ бошад, калон - калонанд. Илтимос, рафта ҳаминхела ягонтои дигарашро биёр, ки кунгураҳояш ҳамин барин майда бошанд...

Оҳ, бародар, гуфтам ба ӯ О, дар нақшу нигори ин борш намехӯрӣ, ку? Инқадар маро сарсону саргардон мекунӣ?!

Акаҷон, худат ҳам маро фаҳмдиҳеҷ, завҷаам принцип мондагӣ, ки «агар таёқи табаррукии бибикалонашро ёфта набиёрӣ, фарзандонатро ҳамроҳат монда, дари хонаатро ба болоят пӯшида, баромада меравам!... Ё магар мехоҳӣ, ки хонаи ман вайрон шавад?!

пешина
аз 173
навбатӣ