Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«Москва» арақ нӯшидагӣ! Лекин аз наздик бо вай шинос нестам. Ӯ одами хуб нест, лекин халқи грузин халқи мард ва меҳмоннавоз аст.

Ҳамин лаҳза ҷавонмарди тануманде вориди маршрутка гардид, пешорӯи ӯ ҷой гирифт ва риштаи сухани братани маст лаҳзае канда шуду баъд якбора: «Э...э...э, привет, братан!», – гуфта ду - се бор зӯр заду хост, ки аз ҷой хеста ҷавонмардро оғӯш карда бибӯсад, вале пойҳояш ба ӯ итоат намекарданд. Боз нишасту клоч кашида бо ӯ салом кард ва дуру дароз дасти вайро сар надода метаконид: Калёси крутится?

  • Нафаҳмидам?!

  • Мошинат кор мекунад? – мегум!

  • Ман мошин надорам!

  • Эй, братан, ту Карим нестӣ?

  • Ман акаи Карим, ҳамроҳи акаи Шумо хондагӣ.

  • Эҳ, ёлки палки! Шумо чи хел ҳардуятон монанд-а! Ман бо Карим дар як синф хондагӣ. Мо доим аз дарсҳо гурехта гӯштингирӣ мекардем. Вая ҳаликаш сахт буд. Як маротиба мана чунон бардошта зад, ки мағзи сарам луқид, баъд очам зардии тухмам молида ду-се рӯз докапеч гаштам. Хонаатон ҳоло ҳам дар маҳаллаи Зарафшонай?

  • Бале.

  • Мошини Карим дар гаштай?

  • Ҳа, таксӣ зада гаштааст!

  • Значит, живет, мана мошинай ман вайрон, аз ин маршрутка ба вай маршрутка пула бегона карда гаштиям!

Ҳамин лаҳза аз пеши маршрутка писарбачаи мактабхоне давида хост, ки роҳро убур кунад. Ронанда, ки бо суръати баланд мерафт, якбора тормозро пахш кард. Братани мо якбора аз ҷой ба тарафи пеш ҷаҳиш хӯрда, бо ҳамсӯҳбаташ акаи Карим мисли қӯчқорҷанг чунон кала ба кала сахт заданд, ки аз пешонаи ҳардуяшон хун аз байни абрувонашон ҷорӣ шуд. Братан гармо-гарм сари кафидаи худро ҳис накард, пешонаи кафидаи акаи Каримро дида.

Э, братан, сари ту он қадар сахт набудааст. Акаи Карим дид, ки аз пешонааш хун мечакад, захмашро бо рӯймолча дошта, дар истгоҳ фаромад.

пешина
аз 173
навбатӣ