Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«ИН КОМБИНАШКА НЕ, ЮБКА АСТ»
Чанд вақт қабл ранҷур шудам. Ба назди духтур рафтам. Пас аз ташхиси ӯ маълум шуд, ки гурдаҳояш шамол кашида газақ гирифтаанд. Духтур доруву дармон тавсия доду гуфт, ки аз дорухона камарбанд харида, дар миёнатон баста гардед.
Камарбанди харидаам аз андозааш каме калон ва дароз будааст.
Рӯзе ҳини бастани камарбандам набераҳоям Анисаю Эраҷ ба хонаи хобам даромада ба миёнбанди ман назар андохтанд.

  • Бобоҷон, комбинашка пӯшидед? — пурсид Эраҷ. Аниса додарашро сарзаниш кард, — Ин хел нагӯй, айб аст! Мардакҳо комбинашка намепӯшанд, — гуфта илова намуд, — Вай юбкаи бобом аст!

Соли 2007

пешина
аз 173