Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Бинед, доги хуни ӯ дар паҳлӯи расми президенти Вашингтон ҳоло ҳам боқӣ мондааст, - гуфт Доллар ва ба паҳлӯи дигар гашт, то ки он догро ба ман дурусттар нишон диҳад.

Ман ба он доги кӯҳнашудае, ки дар паҳлӯи расми марди миёнаумри чеҳракушод меистод, назар карда хашму ғазабам зиёд мешуд.

Ман ҳам аз марги зангии бечора афсӯс хӯрдам ва ҳам аз чӣ сабаб бошад, ки ба президенти Вашингтон, ки расми ӯ дар ҳамин Доллар акс ёфтааст, раҳмам омад. Мебоист, ки ман ҳам ба ӯ аз саргузашти худ чизе бигӯям ва ё аз ягон лаҳзаи ҳаёт нақл кунам.

Ақаллан дар бораи он ки маро то ҳол барои қатли инсон ва вайрону валангоркунии мактабу манзилҳо ба касе мукофот надодаанд... Вале ман дам шиштам, чунин гуфтугӯйро идома додан нахостам. Бе ин ҳам «он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест» гуфтаанд. Франкҳои фаронсавӣ ҳам чизе намегуфтанд.

Ҳамён кушода шуду маро дода як лӯҳтак - матрӯшкаи чӯбин харида гирифтанд...

МАРО ҚАРЗ МЕГИРАНД

Одамон ягон сирри худро аз ман руст карда наметавонанд. Онҳо баъзан тамоман фаромӯш мекунанд, ки ман ҳамроҳи онҳоям. Ман дар кисаи як генерал хобида будам. Вай бо афсарони штаби генералӣ сӯҳбат мекард. Дар чӣ хусус сухан меронд? Ин сирри ҳарбӣ аст ва онро ба ҳар кас намегӯянд.

Бисёр вақтҳо ман сабабгори хурсандию ғамгинии ногаҳонии мардум мешавам, дар сӯҳбатҳои даркорӣ, баҳсу мунозираҳои оилавӣ ва умуман дар зиндагии онҳо иштирок мекунам.

Аксаран мехоҳам, ки ба одамони нағз нағзӣ кунам ва баръакс ба одамони дилсиёҳ хубиро раво намедонам.

Рости гапро гӯям, аксар вақт кори одамони хубро ба ҷо меоварам.

Боре як писарбачаи мактабхон ба рафиқи ҳамсинфаш муроҷиат карда гуфт: - гӯш кун, Павлик, то пагоҳ як сӯм қарз деҳ.

пешина
аз 173
навбатӣ