Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

тамоман бегона дидам. Ин ҷо бӯи хуш дошт, аммо пулҳое, ки ҳамроҳи ман буданд, ба ман ҳеҷ монандӣ надоштанд.

Ҳамаи онҳо ҳаҷму андоза ва рангу бори дигар доштанд.

Ман бо тезӣ пай бурдам, ки он пулҳои ношинос бо якдигар ҷафс шуда, бо дили нохоҳам ба ман ҷой медиҳанд.

  • Агар саҳв накунам, - шумо Яксӯмаи Советиед? - гуфт яке аз онҳо ба ман.

  • Бале, ёфтед, - худдорӣ карда ҷавоб додам ман.

  • Пас рухсат диҳед, шинос шавем, - гуфт пули ношинос, - мо долларҳои амрикоием!

Дар байни мо чанде аз франкҳои фаронсавӣ ҳам даромада ҷой гирифтаанд, вале онҳоро касе писанд намекунад.

  • Хело хурсандам, ки бо Шумо шинос мешавам, - ба таври расмӣ ҷавоб додам ман.

Намедонам, аз чӣ бошад, ки садои баланди Доллар ва муносибати худписандонаи ӯ нисбат ба Франки фаронсавӣ ба ман маъқул нашуд.

  • Мо тамоман тасодуфан ба Маскав афтида мондем, - гуфт Доллар бо садои баланд ва кибру ғурур ва илова кард: боварӣ дорем, ки моро ба чизе сарф намекунанд, зеро дар ин ҷо истодан намехоҳем...

  • Чаро? - кунҷковона пурсидам ман.

  • Чунки мо саёҳ-саёҳ гаштанро нағз мебинем, - лофзанон ба гап ҳамроҳ шуд Доллари дуюм ва илова намуд: масалан, ман ба наздикӣ дар Сайгон будам.

Ман якбора ба ӯ ду савол додам:

  • Чӣ тавр ба он ҷо рафтед? - Ва чӣ кор кардед?

  • Мо якчанд ҳазор будем, - ҷавоб дод бо майли том Доллари дуюм. Моро бурданд, ки ҳамчун мукофот ба солдатҳои амрикоӣ бидиҳанд. Шахсан ман ба дасти як сарнишини тайёра афтидам ва худи ҳамон рӯз барои бомбапартоӣ ҳамроҳи ӯ парвоз кардем ва дар лаҳзаи чанд мактабу купрукҳо ва чандин хонаҳоро бомбаборон карда, боз гаштем.

Сипас соҳибам маро дар як тарабхонае монда рафт.

Чӣ шуду боз дар Амрико пайдо шудам, вале ин дафъа ба дасти як зангӣ афтода мондам.

Бечора фурсате наёфт, ки маро сарф кунад. Ӯро дар вақти иҳота кардани зодгоҳаш дошта куштанд.

пешина
аз 173
навбатӣ