Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
лолагунаш намекандам. Баъд аз шунидани ин суханҳое, ки дер боз интизорашон будам, тамоми вуҷудамро эҳсости аҷибе фаро гирифт, хостам аз ҷой хеста бо тамоми овоз фарёд кашида гӯям: - «Эй мардум! Ман хушбахттарин инсони рӯи заминам!!! Маро олиҳаи ҳусн — Рухсора - а дӯ - ӯ - ст медорад!!!
Ҳамин лаҳза гӯё аз ҷониби кӯҳҳо садо меомад:
-Ошиқ шудай, эй ҷавонмард, савдоят муборак бод! Ишку муҳаббати пок насибат кунад! Ин лаҳза мисраъҳои ҳазрати Лоҳутӣ пеши назар омаданд:
Арзандатар аз ишқ дар олам гуҳаре нест,
Покиза бидораш, ки ба ҳастӣ сабаб аст ин...
Баъди чунин суханҳо, меҳру муҳаббати ман нисбати Рухсора боз афзуд. Он хордастаи ӯ ба назарам зебою азиз менамуд. Ман он хордастаро дар утоқи кориам нигоҳ медоштам. Ҳар субҳе, ки вориди коргоҳам шавам, ба хордастаи Рухсора нигариста, илҳомам тозатар мегардид.
Солҳои тӯлонӣ паси сар шуданд. Рӯзе дар фасли баҳор ман ҳамроҳи дӯсти деринам — Азимҷон, ки ба наздам омада буд, маслиҳат кардем, ки дар ягон гӯшаи хушманзари табиат рафта андаке давр занем. Маҳз ба ҳамон ҷои ба ман муқаддаси дашти Лоҳур раҳсипор шудем. Ман ба он ҷо ба зиёратгоҳи овони ҷавониам мерафтам. Ба дӯстам дар бораи он лаҳзаҳои фаромӯшнопазирам нақл кардам.
Ҳамон дашти фарох, ҳамон порчаи замини лолазор, ҳамон ҷои хорҳои хушкшуда, рамаи гӯсфандон... хуллас табиат бо тамоми ҷузъиёташ мисли пештара бетағйир буд. Рамаи гӯсфандон дар гирду атроф титу парешон мечарад. Фақат Рухсора ҳамроҳи мо набуд.
Ману Азимҷон рӯи сабза менишастем. Чӯпон марди чорпахлӯи малламӯй, назди мо омад. Дар сар саллаи калони абрешимини сиёҳ дошт. Саллаашро ҳам бо гулҳои сиёҳгӯшу лола мисли амаки Сабур оро дода буд, вале ин чӯпон амаки Сабур набуд. Пас аз салому алейк, ман аз чӯпон пурсидам: - Додар, таёқи дастат, аз амаки Сабур нест?
-Бале, амаки Сабур падари ман буд, соли гузашта дар ҳафтоду панҷсолагӣ аз олам гузаштанд. Касбашон, таёкашон ва саллаи сарашонро ба ман мерос монда рафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё