Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Агар ақидаҳои шумо нодуруст аст, пас чаро бо ақидаҳои ғалати худ ақидаҳои дурустро паҳш мекунед.
Гӯшҳои кару хомӯшии зиндагӣ.
Вақт гӯё захмҳои пешинро даво мебахшидаст, аммо на ҳама захм даво дорад.
Дарду аламҳое ҳастанд, ки онро ҳатто вақт табобат карда наметавонад.
Ҳамаи ватанфурӯшонро ҳаргиз бахшидан мумкин нест.
Ман ба шикори донишу панд мебароям.
Ба хулосае омадаам, ки нақшҳоро набояд ба касе бигӯям, ҳатто ба худам ҳам, нақшеро оромона бояд анҷом дод.
Тақдир аз касе напурсида кори худро мекунад.
Инсон маҷбур мешавад, ки дар байни дурӯғгӯён зиста дурӯғ бигӯяд.
Мумкин баъзеҳо дурӯғ гуфтан намехоҳанд, аммо зиндагӣ маҷбураш мекунад.
Дар дунёи ҳамдигарфурӯшӣ хоҳем ё не бояд бизием. Барои зинда мондан маҷбурем дурӯғ бигӯем.
Ғами бузург мешавад?
Оре, ғамҳое ҳастанд, ки на ҳад доранд на ҳудуд. Ғамҳое ҳастанд, ки онҳоро гуфтаву навиштан номумкин аст. Кӣ ба ин суол ҷавоб дода метавонад?
Ӯ гуфт-гуфт ва якбора хомӯш гашт. Сабаби ин хомӯшии дамиро танҳо худаш медонад.
Бозингари танҳо ҳаргиз дар бозӣ бахт намекунад.
Битарс аз он ки завҷаи нав чӣ нағмаи наве бароят тайёр намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё