Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Дар ангуштаринаш навишта шуда буд «Ин ҳам мегузарад».
Ба оне, ки бемор аст, гуфтамаш, ки ҳамаашро вақт муолиҷа мекунад. Ҳама дард шифо дорад ба ғайр аз марг, ки дармоне сади роҳи он шуда наметавонад. Марг ҳамаро мебарад ва бо ин худро тасалло бидеҳ, ки ҳама мирандаем.
Ба некии кардаат некиро интизор машав. Барои инсониятро дарс диҳӣ, ки ба некӣ бо некӣ ҷавоб додан лозим аст, чандин асрҳо лозим аст.
Даҳонро бахудаву бехуда макушо.
Фикрҳои дар майна будаатро ба касе магӯй. Ба онҳо агар дарду ғаматро гӯӣ онҳо агар худро раҳмхӯр вонамуд кунанд ҳам дар қалб шодӣ мекунанд. Баръакс боз аз пасат ғайбат мекунанд.
Имрӯз, ки мансаб, сарват, қудрату тавоноӣ дорӣ муносибаташон дигар аст. Чун ҳамаш аз даст рафт на қадр мемонаду на ҳурмат.
Пас... Биандеш ва қадри рафтаатро барқарор намо.
Табиат ҳар инсонро бо сарнавишти худ меофарад. Ба худат вобаста аст, ки умри додаро чӣ тавр истифода мебарӣ. Чӣ тавре муносибат намой ҳамон хел ҷавоб аз ҳаёт мегирӣ.
Дар дигаргункунии ҳаёти худ тагову амак даркор намешудааст. Худ бояд тавре азоб бикашӣ, ки ҳаётро ба табъи дилат гузаронӣ. Танҳо худ бахту саодати худро сохта метавонӣ. Роҳи дигаре нест.
Шахсоне ҳастанд, ки то даме «ҳа» нашунаванд «не»-ӣ шунидаашонро гӯё нашунидаанд. Чун «ҳа»-ро шунид ҳамон замон гӯшҳояш ба кор медароянд.
Ҳар як шахс бояд худро ҳимоя карда тавонад. Шахсе худро ҳимоя карда натавонист нобуд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё