Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳар ду гӯён хушбахтона мезистанд, аммо ин зоҳиран буд. Ҳол он ки ҳар кадом бо ҷаҳонбиниву дунёи андешаҳои худ саргарлон буд. Бо ҳам хӯрок намехӯрданд, ба тозагии хона касе аҳамият намедод ва торҳои тортанак манзилро пурра печонда буд. Гунаҳкорро худи онҳо медонистанд, зеро ҳар сирри хонадон барои соҳибхонаҳо маълум аст.
Ҳар омадаву мерафта худ медонад, ки то чӣ дараҷа дурӯғ гуфтааст.
Тӯли зиндагӣ инсон оҳиста-оҳиста аз ҷамъият дур шудан мегирифтааст. Чаро?
Нафароне хостанд, ки аз инсон дида ба ҳайвон бештар меҳр доранд. Сабабаш дар чист?
Масалан дар Амрико аксари бойҳо сарватҳояшонро на ба пайвандон, балки ба сагу гурбаҳояшон мерос мемондаанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо ҳайвонро аз пайвандон боло монда мерос мемонанд? Кӣ ҷавоби аниқ дода метавонад?
Ба худ суол додам, ки ман худро медонам, ки кистам? Баъди андешаҳои тӯлонӣ ба хулосае омадам, ки дар зиндагӣ фурсати ба ин суол ҷавоб гуфтан наёфта будаам.
Бас будагист зиндагии хоксорона! Акнун ин аср асри XXI бинишу фаҳмиши дигарро талаб менамояд. Касе, ки ақалан ду ё се соли ояндаро пешбинӣ карда метавонад, ғолибиятро ба даст оварданаш мумкин аст. Онҳо наҳангоне ҳисоб мешаванд, ки дар оянда сустонро бе мамоният фурӯ хоҳанд бурд.
Эй Ҳошим Гадои содда, аз хоби гарон бедор шав. Бедор шав, ки туро алақкай фурӯ бурдаанд. Ту дар меъдаи асри нав ҳастиву ҳал шуда истодай!
Ман бояд худро аз меъдаи наҳанг наҷот диҳам, вагарна нобуди ободӣ мешавам.
Замин бузургони зиёдеро дидааст. Яке аз онҳо Гандӣ Шоу. Гандӣ Шоу гӯштро тамоман истеъмол намекард. Ба он хотир гӯшт истеъмол намекарданд, ки ҳайвонҳоро бародарони худ меҳисобиданд. Ин тоифа худ намехӯрданд ва боз дигаронро даъват мекарданд, ки ҳайвонҳоро баҳри меъдаи худ накушанд. Онҳо гӯшт истеъмолкуниро гуноҳ меҳисобиданд. Ин ақидаи онҳо дуруст аст ё не Гандиву завҷааш медонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё