Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Амалии бе сухан беҳтар аст. Ин хомӯшӣ туро ба мақсад мерасонанд. Як ишора, як нигоҳ, оҳи сарде басанда аст.


Мехоҳӣ маъшуқаат боз ошиқдорат шавад?

Дар ин ҳолат тамоми рафтор, гуфтор то ба либоспӯшиҳояшро таъриф намо. Бикуш, ки ӯ ин дурӯғатро фош накунад.


Агар бо диққат назар намоӣ дарк мекунӣ, ки дар ҳар як инсони калонсол тифлие пинҳон аст. Тифлии инсон дар пирӣ маълум мешавад.


Баҳс тарафҳои мусбат ва манфӣ дорад.

Баҳс душмани зиёди одамро зиёдтар месозад.


Бо душман не бо киноя балки бо ҳарфи хуб муроҷиат намой санги маломат аз бағалат меафтад. Бо сухани хуб душманро мағлуб намудан осонтар аст.


Аз ҳазор маротиба ба гӯши ёр сухани хуб гуфтан дида хомӯш шинӣ авлотар аст.


Зиндагӣ ширин аст, аммо бо мурури вақт чун корд ин ҳам кунд шудан мегирад.

Ин ба Ману ту не ба вақт вобастагӣ дорад.


Зиндагӣ мураккаб аст, аммо одамон мехоҳанд, ки аз он айёртар бошанд. Одамон зиндагиро рақиб не душмани ҷон мешуморанд.


Вақте рӯи миз пур аз нуқлу набот аст, ҳатман гоҳҳо кушода мешаванд. Ҳар он чиз дар дил аст нӯги забон мебарояд. Туро чунон таъриф мекунанд, ки худро дар қатори Христофор Колумб тасаввур мекунӣ, ки Амрикоро кашф намудааст. Аз кӣ будани худ дар тааҷҷуб мемонӣ. Пас... Агар гоҳе дилгир шудӣ зиёфат ташкил бикун ва таърифҳоро бишнав.


Набудани ту дар байни онҳо ҳам ба манфиати ту ва дигарон аст.


пешина
аз 213
навбатӣ