Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Ба ин суханҳои кӯдаконаи худ чӣ тавр ҷавобе меёфта бошам? Шояд боакрафтоле ба ин суолҳо ҷавоби аниқе дода метавониста бошад? Боз ҳам намедонам чӣ тавр бояд зист?

Маҷбур мешавам, ки мақоли «шаҳри якчашма рафтӣ, як чашматро кӯр бикун»-ро истифода барем. Ривоятест, ки дар замонҳои хеле қадим подшоҳеро мӯйи сараш пурра рехт. Ӯ аз дарбор берун намерафт. Рӯзе сартарошаш ғамгинии шоҳро дида сабабашро пурсон шуд:

  • Чӣ тавр ғамгин набошам, ки сарам кал шудааст?

Сартарош ғами шоҳро дида барои ҳалли он як рӯз мӯҳлат пурсид. Рӯзи дигар барои шоҳ мӯйи сари сунъӣ овард. Шоҳ дигар бо мӯйи сунъӣ дар дарбор мегашт. Боре дар дарбор воқеаи аҷибе рӯх дод. Доноёни дарбор ҳам аз ҳамон рӯз оғоз намуда бо мӯйи сунъӣ мегаштанд ва ин дар дарбор муд шуд. Касе бо чунин мӯй мегашт соҳиби мансаб мегашт. Фармонбардорон аз дарбор берун карда мешуданд. Шояд чунин тарзи зиндагӣ дар оянда низ такрор шавад?

Дунё худ аз аввал чунин каҷ сохта шудааст ва ман ба ин суоли худ чизе ҷавоб дода наметавонам. Шояд баъдтар баъди андешаҳои зиёд ба ин суолҳои худ ҷавоб ёбам. Айни замон ман гумроҳу роҳгумзадаеро мемонам дар ҷавоби ин суол.

Имрӯз ин соат, ки дақиқа, ба хулосае омадам, ки агар мабодо замин ба осмон бичаспад ё баръакс осмон ба замин фуруд ояд ин махлуке, ки онро одам меноманд ва дар илм ҳамосапус шинохта мешавад ягон сонияву дақиқа беҳтар мешуда бошад?

Ба андешаи ман, на, на, на!!! Боз ҳам на! Ӯ ҳамин тавр буд, мемонад ва оянда низ тағйир намеёбад. Ҳайвононашро давом медиҳад. Бигзор ин фикри ман ғалат бошад, лек ин андешаи шахсии ман аст. Ман дар ин ақидаи худ устуворона меистам. Шояд суол диҳед, ки чаро?

Ба ин суол ҳаргиз ҷавоб намедиҳам.

Суоле аз ҷониби бадхоҳон ба Ҳошим Гадо расидааст, ки чунин аст:

  • Чаро ҷои инсониятро нисониятро танқид мекунед? Моёнро дар қатори ҳайвонҳо мегузоред?

-Агар шумо ба маънии ин суолҳоятон сарфаҳм мерафтед, ҳаргиз чунин суол намедодед. Илми биологияву кайҳонӣ кайҳо ба ин суолҳои шумо ҷавоб додааст. Дуввум ин ки ман

пешина
аз 213
навбатӣ