Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
мағозаҳо ҷамъ шуда омаданд, ки аллакай намоиш бояд оғоз меёфт. Директори ҳамонвақти театри Лоҳутӣ низ меҳмонвор пеш аз оғози спектакл ташриф овард. Як чашмамро грим карда будам, ки тамошобинон даромаданд.
-
Иштироки тамошобинон чихел буд?
-
Пеш аз оғози спектакл як авлиёгӣ кардам. Аз кассири билетфурӯш пурсидам, ки вазъият чихел аст? - А-а какой-то кишлак приехал, с вещами не могут разобраться, какой-там спектакль... - даст афшонд у.
-
Завтра в зале пустых мест не останется, а после спектакля ещё 15-20 дней будут приходить и билет спрашивать - гуфтам ба у.
-
Вы у них кем работаете? - пурсед у.
-
Шофёром, - ҷавоб додам ва аз паи кашондани декорация шудам. Ва чӣ мегуед, ки гапи ман ҳақ баромад. Рӯзи дуюму сеюми спектакл ислоҳотчиёни машҳури театри рус аз қабили М. Ульянов, М. Захаров билет суроғ мекарданд.
Чӣ қадар азобҳои дӯзахро кашидам то ин спектакл рӯи саҳна биёяд ва ҳар бор ин азобҳо такрор меёфтанд. Коре мекарданд то ман аз саҳна бароям, намоиш муваффақият пайдо накунад, маро шикананд, паст зананд, лекин ба ҳамаи ин тоб овардам, тоқат кардам, мубориза бурдам...
-
«Эдип»-ро тамоми касоне ки диданд — чӣ аз СССР-и собиқ ва чӣ хориҷа — аз сидқи дил эътироф карданд. Вале чаро ягон бор онро ба мамлакатҳои дигар набурдед?
-
То ҳозир ягон роҳбари Тоҷикистон кӯшиш ҳам накардааст, ки «Эдип» хориҷа равад.
Аз Москва, аз театри «Дӯстии халқҳо» ба театри Лоҳутӣ занг мезананд. Аз ин тараф (он рӯз ман дар театр набудаам) актёре гӯшакро мебардорад. Аз Москва мегӯянд, ки мо «Эдип»-ро хориҷа гастрол фиристоданиям, бигӯед, ки чанд нафар иштирокчӣ дорад, то масъалаи нақлиёту хароҷотро ҳал кунем. Ин одам бе ҳеҷ дудилагӣ, маро напурсида мегӯяд, ки 150 нафар. Аз он тараф мегӯянд, ки афсус, ин қадар одамро мо фиристода наметавонем. Ва ҳамин тариқ хориҷаравии мо ба «шарофати» як гапи ҳамкорамон аз нақша меафтад. Дар «Эдип» бошад ҳамагӣ дар саҳнаҳои умумии 40-50 нафар, дар нақшҳои асосӣ 6 кас иштирок мекард. Мо 46 нафарро Москва бурда будем. Барои хориҷа метавонистам онро ба 35 расонем...
- СССР барҳам хӯрд, муносибатҳо бо ҳамаи мамлакатҳо кушода. Дар саҳнаи театри Лоҳутӣ пас «Эдип» ягон намоиш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё