Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва пусту гӯшт пароканда хоб аст, низ ёдоваре аз ҷасадҳои афтодаи инсон рӯи кафи замин ва сарзамини мо дар ин рӯзҳо ва ҳам ёдоваре аз рӯзгори ҷангалии инсон. Расмҳои гуногун, ашёи ранг-ранг сар карда аз дум то ҷоғҳо, аз почаи кандаи поҷомаи занона то лухтаку сурати тифл ва дар атрофии тифл картан қимор ва картан шикастан суруд, телефонии шикаставу канда (яъне, риштаи алоқаҳои кандашуда) ва боз шикастаи чизҳои зиёд, ки низ аз ин рӯз ёдоваранд ва аз рӯзгори қадим. Аждаҳои шохдор низ он ҷо овезон аст, дар шикамаш тифле.

Ногаҳон валвалае мехезад ва одамони ҷангали зану мард якҷоя ва чоргов чун подаю рама аз дар медароянд, садо доранд, аммо забони сухан надоранд, садое, ки аз гулӯяшон бармехезад, садои даррандаи ваҳшист, чашмҳо гушна низ, дандонҳо тез, айнан мисли дандони гизӣ гургҳо ҳангоми ҳалқа гирифтани сайд, лек чун ҳанӯз сайде аз ҷинси ҳайвони дигар пайдо нест, онон ба ҳамдигар даҳан меафкананд, мағруранд, вале ларзиши тарс, ки ба андомашон панҷа задааст, кебида-кебида чирроси ваҳм аз гулӯ рехта, зери дарахтҳо ва бурчакҳо дар ҳазиданд. Чашмони занон низ мисли чашмони мардон гушна, сахт гушна ва хондан мехоҳанд, порае канда гирифтан мехоҳанд ва ин қувва ҷуръати даруни тӯдаи мардон даромаданро ба занон ҳам илҳом мекунад ва онҳо гоҳ ҳамроҳи тӯда мешаванд ва гоҳ боз худро канор мекашанд ва нафаре аз худашонро мехӯранд, вале ҳанӯз сер нестанд, чашмҳо ҳанӯз духта ба ҳам ва садоҳо саман садоҳо, дандонҳо ҳанӯз гиз, чашмҳо чашмҳои даранда... ҳаёт давом дорад ва онҳо акнун рост гаштанро омӯхтаанд, аз чӯбдастҳо яроқ доранд, лек садо ҳамон садо, дандонҳо боз ҳам гиз ва чашмҳо ҳанӯз гушна. Сардори тӯда аз сад хабар меорад ва онҳо оҳуро ба рақс медароянд ва ба шикор мераванд, мамонтро мезананд. Сарҳайл аввал шикам сер мекунад ва шикам, ки сер шуд падар духтарро ва бародар хоҳарро бефарқ мебардоранд, то шаҳвати хоса низ луқма баргирад. Ва ин саҳна то охир 25-28 дақиқа давом мекунад, садо ҳамон садо, дандонҳо ҳанӯз гиз...

Аз аввал то охир мусиқии мувофиқи ҳол гоҳ болову гоҳ зер ба даҳшат даҳшат афзуда ҳамнафасӣ мекунад. Сипас, ҳама мехобанд ва дасти тиҳи онҳо дар ҳаво алвонҷ мехӯрад, алвонҷ мехӯрад, яъне дасти холии аз дунё рафтаанд», сипас рӯҳҳо ба парвоз меоянд, парвози зебо ва сабукбол, сипас саҳна рӯшан мешавад ва як зану як мард - Бобои Одам ва Момо Ҳаво ҷорӯб бадаст аз дар

пешина
аз 213
навбатӣ