Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

донишҷӯён устоди худро, ки бо дусумка декорация аз троллейбус мефарояд, пешвоз мегиранд...

  • Театри ақл ё худ ҷустуҷӯҳои эҷодии профессор Ҳошим Гадо аз кадом ғоя мехӯрад?

  • Ҳар кадоми онҳо паҳлуҳои гуногуни фалсафаи зиндагии имрӯзаро дар бар мегиранд. Бигирем «Дар қатра баҳр»-ро. Мухтасаран гӯем, ба ҳоли худамон ба тарзи истеҳзо хандидан. Ва хандаи фаҷи бемаънӣ не, хандае, ки шифо мебахшад. Камбудиҳои худро дар саҳна дида ҳам механдем ва ҳам аз паи ислоҳи онҳо мешавем.

Мақсад он аст: чӣ кор кунем то инсон, бахусус ҷавонон беҳ шаванд, аз роҳи бад, мардумозорӣ баргарданд, заҳмат кашидан, ба ҷои озор некӣ кардан, гирифтани дасти афтодаеро ёд гиранд. «Дар қатра баҳр» чор қисм дорад: «Коргардон», «Домодҳои гизала», «Букахон бешоҳ» як бачаи қишлоқӣ мепурсад, ки «Кӯчаи Беҳзод дар куҷост?» Он ду нафар ба ҷои он ки ӯро роҳ нишон диҳанд, фаҳмонанд, аз попӯши сар карда то куртаву шим ҳама чизашро кашида мегиранд. Ва ҳамаи ин тариқи юмор аст.

  • Бисёр ҳунармандони касбии театр ва ҳатто актёрони номдор вақтҳои охир аз ҳисоби либоси занонапӯшию сурхию сафеда ва тақлиди занона кардан «очко» гирифтанӣ, мардумро ханданданӣ мешаванд. Ин услуб дар эҷодиёти шумо роҳ ёфтани нест?

  • Гап дар мақсади ханда аст. Вақте ки сарояндае «Дар зулфақот ҷонам, дар каблуқот ҷонам» мехонад, шояд ӯро низ гӯш кунад, вале шунаванда аз ин чӣ маъние мегирад? Яъне ханда беҳуда не бояд шифобахш бошад. Ба қавли Гиппократ яке аз беҳтарин доруҳои шифобахш барои инсон ханда аст. Як мисоли дигар меорем. Агар «Дирижёр»-ро дида бошед, дар дасти дирижёри мо чӯбча нею «ургулировщики гаишник» аст, қаҳраш ояд бо хишт мезанад. Дирижёр «Валси Севастопол» хон гӯяд, сарояндагонаш «шумлак-шумлак» мехонанд. На дирижёрро гӯш мекунанд, на мусиқиро мефаҳманд. Дар охир, фарроше меояду охирин мусиқачиро ҳамроҳи дирижёраш мерубад... Ҳамин ин фалсафаи худро дорад.

  • Ин силсила боз кадом асарҳоро дар бар мегирад?

  • Аз рӯи бобҳои «Калила ва Димна» ду инсценировка навиштастам: «Бузина ва сангпушт»-у «Зоғҳо ва бумҳо». Асари А. Баҳори «Набуд... буд...» - як решаи ҳамин театр аст. Боз баъзе асарҳои дигарамро низ номбар кардани ҳастам, ки онҳоро дарди

пешина
аз 213
навбатӣ