Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Аз шумо ба мисли ягон-ягон артист зӯракӣ Артисти Халқӣ насохтанд. Шумо, Ҳошим Гадоеви азиз, мағз андар мағзатон, ақлу дидатон, руху эҳсосотон, шууру тафаккуратон, буду шудатон барои Театр ва Кино ба олами вуҷуд омадаед».
Соҳиб Табаров,
Узви вобастаи АИ Тоҷикистон,
ш. Душанбе, с. 1987.
«Барои ҷопониён ҳунарпеҳагон унвон надорад. Дар ин мамлакат ҳунарпеҳаи бузург сарвати миллӣ ба ҳисоб меравад ва хурду калон ин сарватро эҳтиёт мекунанд ва маҳфуз медоранд. Ҳошим Гадоеви шумо низ на танҳо сарвати миллии Тоҷикистон, балки сарвати ҳамаи халқҳост».
Аз пешниҳодоти Созмони театрии
Иттиҳоди Шӯравӣ (вақти ба
дарёфти мукофоти давлатии
Иттиҳоди Шӯравӣ манзур
гардонидани «Эдип»-и Ҳ. Гадоев).
«Анҷумани дуввум ва дусолагии истиқлолияти Тоҷикистон шуда гузашт. Дар ин чорабиниҳо қариб аз 40 мамлакат вакилон иштирок доштанд. Дар қаторе, ки ман менишастам, гурӯҳи меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои Фаронса, Англистон, Олмон, Амрико, Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва ғайра мешинастанд. Дар тарафи дасти рости ман журналисти машҳури Фаронса хонум Мино, профессор Маҳмуди Буруҷардӣ аз Эрон менишастанд ва афсус номи дигар меҳмононро ёдоварӣ карда наметавонам. Ҳушу ёди ҳама ба сӯи саҳна, ба намоиши «Эдип» равона буд. Дар лаҳзае, ки чӯпон меояд ва изҳор мекунад, ки «ҳамсари ту модарат аст ва фарзандонат бародарону хоҳаронат ҳастанд ва худат шавҳари модарат ҳастӣ», зери чашм дидам, ки меҳмонон ашк мерехтанд ва бо гиряи онҳо ман ҳам гиристам. Ё худ дар саҳнае, ки аз малика чӣ рақам будани шоҳ Лайро пурсон мешавад ва қариб монда буд, ки хонум Мино фиғон кунад. Ӯ тарки толор кардан мехост, дод мезад ва худро дар ҳамаи нақлҳои малика медид ва хусусан мусиқии ҷаззоб буд. Вақти тарки толор карданаш ман ӯро доштам, вале худам ҳам мегиристам. Бештар гиряи ман барои завқи пасти тамошобини имрӯзаи тоҷик буд. Дар ҳамин хел фоҷиа медидам, ки баъзе ҷавонон ханда мекарданд. Ва он имрӯз ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё