Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Он рӯз (ҷашни дуввуми тоҷикони бурунмарзӣ - ред.) ҳунари волои Ҳошим Гадоев ва ҳамсафони ӯ бо меҳру муҳаббат, таваҷҷуҳу таҳнияти меҳмонон қадршиносӣ карда шуд. Актёри бомаҳорат Ҳошим Гадоев, ки тамоми умри худро фидои равнақу ривоҷи санъати театрии тоҷик кардааст, бо хислати мушкилписандӣ ва сахтгирии бераҳмона нисбати худ, ки ҳатто дар тасаввури баъзеҳо гунҷоиш намеёбад, савияи баланди маҳоратнокӣ ва аз ҳама муҳимаш бо истеъдоди худодод на танҳо дар Тоҷикистону Осиёи Миёна, балки дар Шӯравӣ ва дунё шуҳрату обрӯ пайдо кардааст».
«Халқ овозӣ», 15 сентябри с.1993.


«Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро тамошо кардам. Бозии нақши Фердинанд, ки аз ҷониби Ҳошим Гадоев сурат гирифт, маро мутаассир сохт, ба ҳаяҷон ва ҳайрат овард. Ман чунин дараҷаи баланди маҳоратро, ростӣ, аз ҳунарманди тоҷик интизор набудам ва ин нақшро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Агар дар Лаҳистон аз ман пурсанд, ки аз Тоҷикистон чӣ хотира овардирӣ, ман ҳатман аз нақши Фердинанди Ҳошим Гадоев нақл хоҳам кард».
Александр Пахо,
Профессор, Лаҳистон.


«Ҳошимҷон! Ман ба истеъдоду маҳорати ту ҳамеша бовар доштам. Аммо баъди тамошои роли Синои ту эътиқодам ба ту чанд маротиба афзуд. Нақши Синои ту беҳтарин нақши солҳои охири театри тоҷик аст».
Мирсаид Миршакар.


«Ман ҳамроҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, генерал-лейтенант Позняк Виктор Генрихович дар театри ба номи Маяковский «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдуллоро тамошо мекардам. Ҳошим Гадо роли Иброҳимбекро моҳирона бозӣ мекард. Баъди анҷоми намоиш генерал-лейтенант бо Ҳошим шинос шуд, ӯро ба оғӯш гирифту гуфт: «Истеъдоди бузурги ту бояд ба халқи азизат хизмат кунад. Ту метавонӣ дар филмҳои ҷангӣ хуб ҳунарнамоӣ кунӣ. Ман Иброҳимбекро дидаам. Ту онро чунин офаридаӣ, ки гӯё ӯро дида бошӣ. Ту мурдаро зинда кардӣ».
Раҳмон Сафар, ҷангноманавис.


пешина
аз 213
навбатӣ