Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
«Ҳошим Гадоев, ки роли Содиқро (намоишномаи «Суруди Кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло) иҷро мекунад, бо ҳар як ҳаракату рафтори худ образро барҷаставу пуркувваттар мекунад. Дар ҳар як лаҳза қаҳрамони вай сифати нав мегирад...»
«Офарида шудани образи Дон Жуан дар эҷодиёти артист Ҳошим Гадоев, ки қабл аз ин Тарталия, Фердинанд, Содиқ, Ҳоҷӣ Нуъмон барин образҳои мураккабро иҷро карда буд, марҳилаи нав аст».
Аълохон Афзаҳзод, «Зиндагӣ дар саҳна»,
«Ирфон», 1984.
«Гадоев дар нақши Хлестаков?
Бисёре аз ин баҳамои ҳайратзада буданд. «Ҳамлет»-и солҳои донишҷӯӣ, баъдтар Фердинанд аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Дон Жуан аз «Фоҷиаҳои хурда»-и Пушкин, Суҳроб аз «Рустам ва Суҳроб» - ҳама нақшҳои пурмоҷаро, ҳатто фоҷианавӣ ҳастанд. Инак - Хлестакови гаранг, аҳмак, ҳакиру ночиз. Аммо баъди чанд дақиқаи дар саҳна пайдо шудани Гадоев пай мебарӣ, ки дар рӯ ба рӯят Хлестакови тамоман дигар, ғайриоддӣ ва ҳатто аҷоиб истодааст.
А. Гордон, «Классика дар нақши асосӣ», «Адиб», 1989.
«Банда дар Тоҷикистон аз дидани намоишномаи нотакрори Софокл «Эдип» ва шунидани он ба лаҳни форсӣ ниҳоят шодам. Нақшофарии олии ҳунарпеша Ҳошим Гадо хеле хушам омад».
Маҳиндухти Сиддикиён, устоди
адабиёти форсии
Донишгоҳи Теҳрон. «Ҷумҳурият»,
19 сентябри соли 1993.
«Дар бораи фоҷиазадаҳои машҳури ҷаҳон бисёр шунидаам ва хондаам, танҳо имрӯз, пас аз тамошои «Эдип» дар саҳнаи тоҷик, фоҷиазадаи бузургеро дидам, Ҳошим Гадо дар он хилқат буд. Ҳоло бисёр касон мегӯянд, ки театр тамошобинро гум кардааст, театр мемурад. Театри мо намемирад, агар ҳунарманде чун Ҳошим Гадо зиндааст».
Кирил Лавров, ҳунарпешаи халқии СССР,
Дорандаи ҷонзаҳои давлатӣ ва ленинӣ.
«Коммунист Таджикистана», 6 декабри с. 1987.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё