Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ҳарф ҷоеву маконе дорад. Агар ҳарфе мегӯӣ бидон, ин ҳарф чун парандае аз ақлат парид, паранда рафт, вале ту барои ин ҳарфат ҷавобе хоҳӣ дод.
Ба зани ҳамсоят бо чашми ҳаромӣ манигар, ба ӯ чун духтарат бингар, пок бош нисбати дигарон ва дигарон нисбати ту пок хоҳанд буд.
Ба кӯдак туф макун, зеро ки ту аз он ҷо об менӯшӣ. Ҳеҷ ашхосе нест, ки ӯ аз аввали омаданаш ба рӯйи ин дунё нопок бошад, золим бошад. Ӯро ту худ, гирду атроф, шароити ҳаррӯза водораш мекунад, ки Ӯ золим, дурӯғгӯй ва нопок шавад.
Дарахти бесоҳиб
Дар кӯчаи Пушкин дарахти санавбари зебо буд ва аз наздики решаи ӯ қубури об мегузашт. Водопровод буд. Ҳар субҳ шаҳрванде аз водопровод мошини мерседесашро шустушӯ мекард. Ин водопроводро ӯ бо занҷир баста ва қулфаш зада буд.
Ман ба ӯ муроҷиат карда, илтимосаш кардам, ки аз водопроводи шахсияш ба бехи ин дарахти зебо об бидеҳ. Ӯ хуб гуфт, лек ман баъди он ки аз табобати тӯлонӣ баргаштам он дарахти зебо аллакай хушк шуда буд.
Ман, ҳамчун шаҳрванд, аз роҳбарони мутасаддии шаҳр хоҳиш ва як орзу доштам. Ба дарахтони бесоҳиб об диҳед. Онҳо ҳам мисли мо одаманд. Одамони бесоҳиб ва дарахтони бесоҳиб. Савол. Мо ба куҷо равем? Эй роҳбарон, ин танбалист? Ин гуна рафторҳо, бидонед ва огоҳ бошед, ки оқибаташ хуб нест. Ҳ. Гадо.
Шуморо огоҳ мекунам. Ман хайрхоҳи шумо будам. Баландтарин ва волотарин ҳақиқат — ростӣ ва рустӣ дар чист? Дар хомӯшӣ ва аз нав эҳё шудан.
Аз марг ҳамагон медонанд, ки роҳи наҷот нест, лекин ман — Ҳ. Гадо мегӯям, ки як роҳи наҷот ҳаст. Ягона роҳ аз худ номи нек мондан аст.
Мо сояи Ӯем.
Ман, ту, вай ва дигарон офаридаи Ӯем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё