Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳошим Гадо тавонист ҷомаи нав ба ин намоишнома бипӯшонад. Вай на танҳо қисматҳое аз намоишномаро бо диди нави режиссёрӣ ба рӯйи саҳна овард (аз ин миён муваффақтар аз ҳама саҳнаи эҷоди қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» ва иҷрои он мебошад), балки ба спектакл саҳнаҳои нав изофа намуд, ки дар маҷмӯъ барои амиқтар шудани диди фалсафии асар, ташдиди конфликтии спектакл, нишон додани пайванди Рӯдакӣ ва умуман замони Сомониён бо гузашта ва оянда мусоидат намуд.
Аз ҷумла, прологи спектакл таъкиди ин маънист, ки эҳёи замони Сомониён ва зуҳури даҳоӣ чун Рӯдакӣ на дар хало, балки дар заминаи ба кор гирифтани мероси гузашта, бо иттисоли замони ҳол, бо одоб ва русуми аҷдодӣ сурат гирифт ва эпилоги спектакл ба ин маънист, ки бо он ки Рӯдакӣ кӯр карда шуд ва дар ниҳоят давлати Сомониён низ аз миён рафт, вале аз нигоҳи таърихӣ Рӯдакӣ ва шеъри ӯ пирӯз шудааст, зеро забони мо, тоҷикон, ки аз миёни муборизаҳои шадиди таърихӣ гузашта, то ба имрӯз расидааст, бузургтарин мероси Рӯдакӣ ва Оли Сомон аст.
Зимнан бояд гуфт, ки саҳнаи кӯр кардани шоир аз дидгоҳи режиссёрии Ҳошим Гадо, аз марзи фоҷиаҳои шахсӣ гузашта ва ба фоҷиаи миллӣ, ба саҳнаи рамзии фарҳангситезӣ бадал шудааст. Яъне душманон на танҳо Рӯдакиро кӯр карданд, балки зарбае муҳлик ба фарҳанги мо заданд. Саҳнаи кӯр кардани Рӯдакӣ, сӯхта шудани китобҳо, ки ҳамроҳ бо мусиқии ҳазин ва доду фарёди ҷонгудози мардум сурат мегирад, аз бурдҳои дигари ин спектакл аст. Бозии Ортиқи Қодир низ дар ин саҳна хеле муассир мебошад ва бинандагонро ба риққат меоварад.
Тавассути саҳнаи устурлоб, ки низ аз афзудаҳои Ҳошим Гадо мебошад, режиссёр иттилоъ доштани шоирро дар илми нуҷум нишон медиҳад, ки ин амр аз осори Рӯдакӣ низ пайдост (чунонки бино ба иттилои маохид вай маснавие дар боби гардиши офтобу сайёраҳо бо номи «Даврони офтоб» доштааст, ки чанд байте аз он боқист). Вале, албатта, ин саҳна танҳо ба хотири нишон додани дониши Рӯдакӣ дар илме аз улуми роич дар замони ӯ нест, агар мақсад танҳо ин буд, ин саҳна ба саҳнаи хушк ва нолозим, чун дарбеҳе ночаспон ба пероҳани спектакл буду бас. Балки муҳимтар аз он тавассути ин саҳна то ҳадде андешаҳои Рӯдакӣ, гӯшае аз ҷаҳонбинии ӯ, ки ҳосили рӯзгори нобасомони охири умраш аст, нишон дода шудааст. Албатта, бояд гуфт, ки Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо ва Ортиқи Қодир баъд аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё