Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Шаҳиди фалсафаи «вақте тӯпҳо садо мезананд, оҳангҳо хомӯш мегарданд»-ро ба эътибор гирифта бошад? Ва чаро нагирад? Ҳоло чунин филмҳое зиёд шудаанд, ки ҳангоми суханони зарурии қаҳрамонони асосӣ оҳангҳо чунон мешӯранд, ки бинандаи ташнаи сухани қаҳрамоноро асабӣ мекунанд ва суханҳо ношунида мемонанд. - ЗИЁ АБДУЛЛО, шоир, публисист

Ҳусну кубҳи ҳар як чиз ва ҳар як кор дар муқоиса маълум мешавад. Бино бар ҳамин, фаъолияти Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутиро дар даҳ-дувоздаҳ соли охир ба муқоиса бигирем, дидан чандон душвор нест, ки театр на фақат номи академиро фаромӯш кард, балки аз ҷиҳати интихоби драмаҳо ва ҳунари актёрӣ ва фарасати режиссёрӣ, аз сатҳи театрҳои музофотӣ пасттар рафта буд.

Ба саҳна омадани драмаи «Рӯдакӣ» дар соли 2008 бо дид ва режиссураи Артисти халқии СССР Ҳошим Гадоев, номи академиро ба театр баргардонд. Зарур будани ҳунари актёриро дар зеҳни артистон зинда кард ва собит гардонд, ки истеъдод ва дарки масъулияти касб ва истеъдод дар назди мардум, «театри ба мурдан наздикро зинда карда метавонад». - Ӯрун Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Намоиши «Рӯдакӣ»-ро дида, ба хулоса омадам: «Ҷустуҷӯи пайдарпай дар рафти эҷодиёт бузургтарин дастовард мебошад. Тамошобини соҳиби зеҳни васеъ дар намоиши «Рӯдакӣ» ин услубро аз оғози прологи асари саҳнавӣ ҳатман ҳис мекунад. Прологи таҳиянамудаи Ҳошим Гадоев якбора ҳисси бедории миллиро ба вуҷуд меорад. Хӯб буд, агар тамоми намоиш тобеи ин прологу эпилог мегашт. Бисёр хурсандам аз бозёфтҳои эҷодии Ортиқ Қодиров дар нақши Рӯдакӣ ва Малоҳат Абдуллоева дар нақши Нигина, албатта, бо кӯмаку ёрии таҳиягар Ҳошим Гадоев.

Хушназар МАЙБАЛИЕВ, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Спектакли «Рӯдакӣ», ки ҳунарпешаи маъруф Ҳошим Гадо дар асоси намоишномаи Сотим Улуғзода ба саҳна гузошт, бидуни тардид муваффақтарин дастоварди театри тоҷик дар солҳои пас аз истиқлоли Тоҷикистон аст.

пешина
аз 213
навбатӣ