Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Бидон тифли наврас ҳеҷ гоҳе ҳеҷ чизро табиат ба ту муфт намедиҳад. Пас... Барои ин чӣ бояд кард. Барои ин бо меҳнати худ ӯро аз табиат гирифтан лозим аст.
Яке аз беҳтарин, хубтарин барои истеъдод он лаҳзаҳое ҳастанд, ки эҷодкор метавонад тасвир бикунад. Дар он ҳолате, ки тасвир мекунӣ, ин ҳолат кайфияте дорад.
Истеъдод кор мекунад. Нобиға меофарад. Албатта ин ақида баҳснок аст. Вале мебояд дар рӯи ҳарфҳо бо ҳам биандешем, андешем.
Ту эҷодкор бидон, ту он рӯзе, ки дар эҷодиётат ҳисси ба худ қоил шудӣ, бидон, пас ту аллакай аз ҳаёт қафо намонӣ. Ту ҳамеша аз қуллаҳои фатҳкардаат норозӣ бош.
Ту бидон. Ононе, ки ӯро ҳамеша таърифу тавсифат мекунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ хайрхоҳи шумо нестанд. Ононро дӯсти ҳақиқӣ шумори, бишумор, ки ҳамеша камбудиҳои туро ба ту бигӯянд.
Ту чаро бисёр менолӣ ман надорам? Ман дардмандам? Барои ин Худо ба ту ақлу хирад ато кардааст, ки оне ки ту мехоҳӣ ба воситаи ақлу хирад пайдо бикунӣ.
Аз ҳама ғамҳо барои одамон ин марг аст. Умри инсон дуру дароз аст. Вале ором бишав ва матарс, марг ин як лаҳзаи кӯтоҳе, ғамангез аст. Пас... матарс.
Бидон эй одами тарсу? Мурдан осон аст, ту бидон зистан бо умри ғуломӣ, ана ҷонтарсу ва мушкили ҳаёт дар ин муаммо аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё