Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

деворчаи вайронаи хандак такя карда, тамоку кашидам. Ногоҳ чашмам ба чуқурии хандаки фурӯрафтаи дар паҳлӯ воқеъ гашта афтод. Аҷабо, вай кӣ бошад? Мурда ё зинда? Наздиктар рафтам.

Касе ду пояшро дароз кардаю ба девори хандак такя намуда мехобид. Сару рӯ, тамоми вуҷудашро хоку чанг пахш карда буд. Зинда ё мурда буданашро фаҳмиданӣ шуда, аз ду китфаш маҳкам доштаму як-ду бор силтов додам. Вай ҷунбида, бо овози ғализу дағал сахт фарёд намуду гулӯямро чунон буғӣ кард, ки қариб парронда будам.

— Исто, исто, Саша, ин ман! — гуфтам банди ду дасташро маҳкам дошта.

— Мебахшед, рафиқ лейтенанти калон, мебахшед, — саросемавор узрхоҳӣ намуд. Фёдоров аз шарм сарашро хам карда, — андак ғанаб кардаам.

Фёдоров сазовори танбеҳи сахт буд. Вале воқеаи дирӯза ба хотирам омаду аз шастам гаштам.

Баъд аз ҷангҳои сахти серӯза, ки ҳеҷ кас мижа таҳ накарда буд, ба самти дигари фронт равона гаштем. Шаби торик. Ба роҳ таваккал пой мегузорем. Агар роҳбаладе намебуду подразделенияҳо аз дунболи ҳамдигар нараванд, чӣ ҳодисаҳое рӯй намедиҳанд. Ҳар як командир дар пеши ҷанговарони худ мерафт. Монанди дигарон ман ҳам дар пеши рота қадам мезадам. Вале роҳравон хоб чунон ғалаба мекард, ки аз саф баромада, ба ким-кадом бероҳаҳо даромада ба баландиис пешпо мехӯрдам ва ё ба чуқурие меафтидам. Ба ин сӯ-он сӯ медавам, бо як азобе одамони худро ёфта мегирам. Ҳамин тариқ, се маротиба аз қатор баромада, ба ким-куҷоҳо рафтааму баъди сарсониҳои бисёр ба қӯшун боз баргаштаам.

Ин ҳодисаи хавфнок маро маҷбур сохт, ки дар вақти дамгирӣ ягон тадбире ёбам. Зеро на фақат худи ман, балки ҳамаи ҷанговарон ҳам аз ман бадтар монда шуда буданд, хоб ҳар яке онҳоро низ аз роҳ бароварда метавонист. Охир ҳисоб ёфт шуд: ҳар ду пулемётчӣ — яке дасти росту дигаре дасти чапашро аз дастаи станоки пулемёт ҳалқавор гузаронида, пулемётро кашола карда мераванд. Роҳравон яке мехобад, дигаре кашола карда меравад. Аммо баъд аз дамгирии навбатӣ дигаре мехобаду аввала кашола карда меравад. Ҳамин тариқ, роҳравон ҳама мехобанд.

пешина
аз 323
навбатӣ