Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Фёдоров аз ин аҳвол бехабар бошад? Душман худи ҳозир ҳамла кунад, чӣ мешавад?
То ҷон зарурӣ фақат якчанд қадам мондааст. Аммо ба назарам хеле дур менамояд.
Монанди порчаи коғазе, ки шамоли ниҳоят сахт ба чуқурие бурда мезанад, ба хандақчаи назди нуқтаи оташфишони тирвор рафта афтидам. Каме сарам чарх заду пеши чашмамро пардаи сиёҳ гирифт. Аммо дере нагузашта ба худ омадам.
Ба ҷои муқаррарӣ назар афкандаму ҳайрон шудам.
Агарчанде ки мавқеи носоз буд, пулемётро хеле нағз ҷойгир кардаанд. Вай гӯё дар оғӯши «буттазоре» буд, ки касе пай намебурд. Оҳиста наздик шудам. Аҷабо!
Барои чӣ касе нест? Эҳ, Акулини бечора оғуштаи хуну хок мехобад... Ҷавони диловаре буд вай. Ҷасади қаҳрамонро аз сари роҳ бардошта, ба болои хаспораҳо гузоштам. Қарор додам, ки сонитар гӯр мекунам.
Дар ин ҳангом тирпарронии тамоми намудҳои аслиҳа авҷ гирифт. Касе ҳам нест, тир ҳам нест! Фақат таппончаю ду гранатаи дастӣ дорам. Пулемётчиёну тирандозони дигар бо камоли ғайрат тир холӣ мекунанд.
Кошки ин пулемёт ҳам кор мекарду мадад мешуд! Резников ва ду салдати дигар пайдо шуданд. Аз саросемагӣ ҳатто напурсидаам, ки Резников барои чӣ ба медсанбат нарафта, боз ба хатти якум баргаштааст.
Бо ишораи ман яке аз солдатҳо зуд ба паҳлӯи пулемёт гузашта, лентаи нав гузаронд. Салдати дигаре мебоист ба паси пулемёт гузараду интизори фармон шавад. Афсус, ки тире ба китфаш расиду якпаҳлӯ афтод.
Салдати авваларо ба нигоҳубини ӯ фармуда, худ ба паси оҳантахtai пулемёт гузаштам. Бодиққат нигоҳ кардам, ки тақрибан шаст-ҳафтод қадам дуртар барфҳо дар ҷунбишанд. Аскарони пиёда, ки аз нуқтаи пулемёти мо якчанд қадам пештар дар хандақи дароз истеҳком гирифта буданд, ба сӯи «барфҳо»-и ҷунбидаистода оташ кушоданд. Аммо «барфҳо» ба ин нигоҳ накарда, баробар аз ҷой хестанду ба пеш давиданд. Баробари он, ки ба масофаи қулай наздик расиданд, тиркушои «Максим»-ро пахш намудам.
Душман тақрибан бештар аз нисфи солдатҳои худро талаф дода, ақиб рафт, дар майдони ҷанг оромӣ ҳукмрон гашт.
Идора кардани пулемётро ба салдати наву Резников
супурда, андак нафасамро рост кардаӣ шудам. Ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё