Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
доданд ва ба раҳматномаи Сарфармондеҳии Олӣ сарфароз карданд.
Ба ҳар ҳол хавотирам, ки аҳволатон чӣ тавр бошад? Тезтар мактуб нависед. Ту навис, духтарам. Мумкин модарат серкор бошад. Хайр, саломат бошед. Он рӯз дур нест, ки ба дидорбинӣ муяссар шавем.
Бо салом Азимҷон.
«Апрели соли 1945.»
— Коғазу қаламатро гиру зуд навис, — гуфт Фотимабону, — чӣ хеле ки хоб дидед, ҳамон хел мо, гӯй. Дар ҳақиқат, бигӯй, модарам — сардори звено. Уҳдадориномамонро ҳам навис. Имсол мо ҳосили баланд мегирем. Ҳамаашро барои фронт, барои ғалаба мебахшем. Аз мо асло хавотир нашавед, гӯй. Зиндаю саломат баргардед, ба мо давлати калон, гӯй. Аз аммаму Мирбобо — саркор ҳам салом будааст, гӯй. Ҳамаашро фаҳмидӣ? Дона-дона карда навис.
— Воқеан тоқиро ҳам нависам?
— Не, сонитар менависӣ. «Пеш аз тӯй карнай навохтан» чӣ даркор? Аввал тамом кун, фурӯш, ана со- нӣ...
— Чортаашро тамом кардам-ку. Ин шаб то саҳар мешинам.
— То саҳар нишаста чӣ кор мекунӣ? Дигар керосин ҳам надорем. Тамом шуда монад, пагоҳ ба куҷо керосин кофта меравем? Беҳтараш хоб куну пагоҳ барвақт хез, духтарам. Ман ҳам аз саҳро барвақттар оям, ҳа- мон тоқии чалаамро тамом мекунам. Ту ҳамон се то- қии дирӯзаро ба зери тахтаҷа мон. Мурваташро сахттар тов. Тоқӣ нағзакак тахтаҷа нахӯрад, ба қиёмаш намеояд. Фаҳмидӣ?
— Хуб, ҳамин тавр мекунам.
Малоҳат лингаро кушода, нисфи алафро ба охур ан- дохта, боқимондаашро ба кунҷи оғил холӣ кард. Линга- ро афшонда, болои ҳараки он сӯи оғил гузошт. Баъд дастонашро шуста, ба сари оташдон рафт. Косаҳоро шустаю пок карда, нимкосагӣ шир кашид ва ба рӯи дас- тархон оварда монд. Фотимабону аз қошуқдон ду нони ба дастархончаи қуроқӣ нимдошт печондаро гирифта, рӯи дастархон монд. Нони орди ҷавӣ метин барин сахт шуда буд. Фотимабону як нонро шикаста натавониста, бо мушти пуркувваташ ду-се зада, баӯр майда кард. Нонро ба шир андохтанду каме мунтазир шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё