Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
буданд. Чанд рӯз ин ҷониб ба мо об намерасид. Базӯр об расиду обмон нест. Яктаякак Мирбобо-саркор ба кадом якаш медавад? Мӯйсафед бошад ба болои ин ланг. Гӯр ҷанг шавад.
— Баъд худатон об мондед?
— Чӣ мекардем? Обмон шудем-дия. Хайр, одам кардагӣ кор, гуфтему аз як сар об мондан гирифтем, — бо завқ нақл мекард Фотимабону. — Занҳо ҳам бало. Деҳкондухтар-дия. Нисфашро аз об бароварда гирифтем. Агар об хушк намешуд, то рӯз ҳамаашро аз об бароварда мегирифтем.
— То рӯз-а?
— Омада туро гирифта мерафтам, духтарам. Оё дилам мешуд, ки туро танҳо гузорам?
— Ман ба шумо як чиз руст карда мондаам, — лингаи пур аз алафро ба китфаш гирифта истода гуфт Малоҳат.
— Чӣ будааст вай? — пурсид Фотимабону.
— Як чиз-дия.
— Гӯй, охир, чӣ вай?
— Як рақсел, баъд медиҳам.
— О, бачам-е, маҷоли рақсидан монд-мӣ, гӯя.
Малоҳат лингаи пур аз алафро ба назди охури гов бурда монда, сӯи суфа рафт ва аз зери кӯрпача конверти секунҷаеро гирифта, ба модараш дароз кард.
— Аз додот?
— Аз кӣ мешуд?
— Хайрият, — хушҳол гашт Фотимабону, — чанд рӯз ин ҷониб дарак набуд. Дина боз хӯроки хӯрдагинамро ҳам намедонистам. Ма, худат хон, духтарам!
Малоҳат зуд конверти секунҷаро кушода, ба шӯълаи чароғи хира хам шуда хатро хонд:
«Фотиман азизам, Малоҳати ширинам! Саломи фронтии маро қабул фармоед. Сиҳату саломатам. Душманро аз хоки Ватанамон ҳай кардем. Боз пеш рафта истодаем. Шояд мактуби ояндаи маро аз худи Берлин гиред. Аммо аз шумоён хеле хавотирам. Шаб дар ҳандак каме ғанаб карда, хоби нағз дидам. Фотимаҷон, ту сардори звено будай. Ниҳолҳои пахтаат шига-шига ҳосил бастаанд. Ман дастатро сахт фушурда, табрик кардаам. Ту мегуфтӣ, ки ин ҳам толеи шумо. Ту бошӣ, Малоҳат, аз мактабат хандону шодон баргаштаӣ. Мегуфтӣ, ки ман директори фабрикаи тоқидӯзӣ шудам. Ман туро табрик кардаам, албатта, як чиз мешавад, мегуфтоам. Аз хоб ниҳоят шоду бардам хестам. Ба ман медаль

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё